Имзои шаш санади нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия

№22 - 23 (3659 - 3660) 02.03.2017

MNK_2668 - копия27 феврали соли 2017 Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард.

Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Федератсияи Россия Владимир Путинро Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва дигар шахсони расмӣ истиқбол гирифтанд. Ба муносибати ташрифи меҳмони олимақом Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе бо шиору овезаҳои шодбошӣ ва инъикосгари дӯстию муштаракоти қавии Тоҷикистону Россия оро дода шуда, ҳайати низомии Горди фахрӣ саф ороста буданд.

Сафари расмии Президенти Федератсияи Россия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба рӯзҳои 25-солагии барқароршавии муносибатҳои дипломатии ду давлат мувофиқ омад, чорабиниҳои зиёди сатҳи баланди сиёсиро фаро гирифт. Маросими истиқболи расмии меҳмони олиқадр ҳамон рӯз дар Маҷмааи давлатии «Қасри миллат» баргузор шуд. Дар доираи сафар мулоқоти хосаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат,Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ­муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин, музокироти сатҳи олии дуҷониба ва маросими имзои бастаи санадҳои нави ҳамкорӣ ва дигар чорабиниҳои муҳими байнидавлатӣ доир гардиданд.

Дар саҳни бинои Маҷмааи давлатии «Қасри миллат» маросими бошукӯҳи истиқболи Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин баргузор шуд.

Меҳмони олимақомро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон самимона истиқбол гирифта, ба минбари ифтихорӣ даъват намуданд.

Дар маросими истиқболи расмии меҳмони олиқадр, ки ҷузъу томҳои Горди фахрӣ ва оркестри асбобҳои мусиқии нафасӣ саф ороста, ҳайатҳои расмии Тоҷикистону Россия ва намояндагиҳои дипломатии муқими Душанбе иштирок доштанд, сурудҳои миллии ҳар ду давлат садо доданд. Зери навои ифтихорӣ роҳбарони Тоҷикистону Россия аз назди ҳайати Горди фахрӣ гузар намуданд ва Президенти Федератсияи Россия ба ҳайати сафоростаи низомӣ салом дода, эҳтироми Парчами давлатии Тоҷикистонро ба ҷо овард.

Маросими истиқбол бо шиносоии сарони давлатҳо бо ҳайатҳои расмии ҳар ду ҷониб анҷом ёфт.

Дар Маҷмааи давлатии «Қасри миллат» мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин доир гардид.

Роҳбарони давлатҳо бори дигар ҳамдигарро ба муносибати 25-солагии барқароршавии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Россия самимона шодбош гуфта, барои идома додани муколамаҳои сатҳи баланди сиёсӣ ва рушду тавсеаи бештари муносибатҳои байнидавлатӣ омодагию ҳавасмандии зиёд зоҳир намуданд.

Боздиди расмии навбатии Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рӯзҳои таҷлили 25 — солагии барқароршавии муносибатҳои дипломатии ду давлат нишони олии таваҷҷуҳи бесобиқаи роҳбарияти сатҳи олии ин кишвар ба дурнамои муносибатҳои неку дӯстона ва шарикии стратегӣ бо Тоҷикистон арзёбӣ гардид.

Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро барои саҳми бузург ва талошҳои созандаю иқдомҳои пайваста дар роҳи рушду тавсеаи бесобиқаи муносибатҳои гуногунҷанбаи байнидавлатӣ ва дӯстии халқҳои Тоҷикистону Россия бо мукофоти олии Федератсияи Россия Ордени Александр Невский сарфароз намуд.

Ҷонибҳо барои таҳкиму тавсеаи бештару хубтари муносибатҳои дӯстонаю стратегии Тоҷикистону Россия дар соҳаҳои мутақобилан манфиатовар изҳори омодагию ҳавасмандӣ намуданд.

Баррасии масоили марбут ба муносибатҳои байнидавлатӣ дар соҳаҳои гуногун ва муштаракоти стратегии Тоҷикистону Россия ба таври мушаххас дар музокироти сатҳи баланд бо иштироки ҳайатҳои расмии ду давлат идома ёфт.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз номи худ ва мардуми Тоҷикистон ба ҷониби Федератсияи Россия барои қадршиносии талошҳои бесобиқа ва хизматҳои шоистаи роҳбарияти сатҳи олии Тоҷикистон дар рушду таҳкими муносибатҳои гуногунҷанбаи байнидавлатӣ бо мукофоти олии Федератсияи Россия Ордени Александр Невский изҳори сипос намуда, ин тадбирро рӯйдоди рамзию таърихӣ дар соли таҷлили 25-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Россия арзёбӣ намуданд.

Зикр гардид, ки ҷониби Тоҷикистон муносибатҳои дӯстона ва шарикии стратегии худро бо Федератсияи Россия аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷӣ дониста, ба идомаи бобарору манфиатбахш ва рушду густариши бемайлони онҳо бо назари нек менигарад.

Таваҷҷуҳи бештар ба таҳкими ҳамкории байнидавлатӣ дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ, энергетика, нақлиёт, кишоварзӣ, муҳоҷират, илму маориф, фарҳанг, туризм ва ҳамкории байни вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои ду кишвар зоҳир карда шуд.

Зикр шуд, ки Федератсияи Россия дар тиҷорати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеъ ва мақоми назаррас дорад. Ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни ду давлат бо дарназардошти таъсири омилҳои беруна дар соли 2016 беш аз як миллиард доллари америкоиро ташкил додааст.

Дар раванди ҳамкориҳои байнидавлатӣ дар соҳаи энергетика таваҷҷуҳи зиёд ба тақвияти ҳамгироӣ дар бахши саноати нефту газ зоҳир гардид ва барои афзун намудани ҳаҷми сармоягузориҳо дар татбиқи лоиҳаҳои хурду бузурги афзалиятнок изҳори ҳавасмандӣ карда шуд.

Ҷонибҳо ҷиҳати тақвият бахшидани робитаҳо барои фароҳам овардани шароити созгори афзуннамоии ҳаҷми содироти маҳсулоти хушсифати кишоварзии Тоҷикистон ба Россия фикру мулоҳизаҳои судманд баён карда, дар ин замина тақвияти муносибатҳои бевоситаи байни вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳои ҳамдигарро махсус таъкид намуданд.

Дар музокироти сатҳи олӣ вобаста ба ҳалли мушкилоти ҳамкорӣ дар соҳаи муҳоҷират пешниҳод карда шуд, ки дар Федератсияи Россия ҳукми хориҷ намудан ва манъи вуруди шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии ночиз (сабук) доранд, бозбинӣ шуда, онҳо мавриди афв қарор дода шаванд.

Вусъат бахшидани бунёди муассисаҳои таълимӣ, омӯзиши фарохтари забони русӣ, афзун намудани квотаҳои таҳсил дар муассисаҳои олии таълимии Россия барои шаҳрвандони Тоҷикис­тон, омода намудани мутахассисони соҳаҳои фарҳанг, эҷодкорон, густариши равобити доираҳои илмию фарҳангӣ ва иттиҳодияҳои эҷодӣ аз самтҳои муҳими ҳамкориҳои байнидавлатӣ дар соҳаи илму маориф ва фарҳанг арзёбӣ шуд.

Тавре таъкид гардид, табодули таҷрибаи ширкату идораҳои туристии Тоҷикистону Россия ва ҷалби сармоя ба беҳдошти инфрасохтори сайёҳии Тоҷикистон метавонад барои баланд бардоштани мартабаи туризм дар раванди муносибатҳои манфиатбори байнидавлатӣ нақши муассир гузорад.

Ҷонибҳо таҳкими ҳамкории амниятӣ, ҳарбӣ ва ҳарбию техникии ду давлатро аз воситаҳои муҳими баланд бардоштани омодагии ҳарбӣ, заминаҳои техникӣ ва қудрати дифоии ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ карда, таъкид намуданд, ки тақвияти ҳамкорӣ дар ин бахш метавонад дар ҳифзи марзи давлатии Тоҷикистон бо Афғонистон, муборизаи беамон бар зидди терроризму экстремизми байналмилалӣ, ҷиноятҳои фаромарзӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва таъмини амнияту суботи минтақа нақши фаъол дошта бошад.

Аз ҳамгироии минтақавӣ ва байналмилалии Тоҷикистону Россия дар доираи Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ ва Созмони ҳамкории Шанхай изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

Идомаи мунтазаму бобарори муколамаҳои сатҳи баланди сиёсӣ ва наздикию мувофиқати нақш ва мақоми ду давлат дар бештари масоили минтақавию байналмилалӣ омили муҳими рушду густариши муносибатҳои манфиатбори стратегӣ арзёбӣ гардид.

Гуфтугӯйи судманд, ҳамчунин доир ба дигар масоили мавриди таваҷҷуҳ ва барои ҳар ду ҷониб манфиатовар сурат гирифт.

Баъди анҷоми музокирот дар ҳузури сарони ду давлат — муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин 6 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид:

- Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист;

- Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи алоқаи фелдегерии ҳарбии почта;

- Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи истифодаи энергияи атомии сулҳҷӯёна;

- Созишнома миёни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии Федератсияи Россия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ;

- Ёддошти тафоҳум миёни Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати варзиши Федератсияи Россия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ;

- Барномаи ҳамкорӣ миёни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Россия барои соли 2017.

Таъкид карда шуд, ки тавофуқоти бадастомада ва имзои санадҳои нави ҳамкорӣ дар оянда ба таҳкими ҳамшарикии стратегии Тоҷикистону Россия дар соҳаҳои афзалиятнок мусоидати фаъол менамоянд.

Субҳи 28 феврали соли 2017 дар шаҳри Душанбе Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин бо Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов суҳбати телефонӣ намуданд.

Дар зимн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои байнидавлатиро мавриди баррасӣ қарор дода, барои рушду тавсеаи бештару хубтари онҳо дар соҳаҳои афзалиятнок изҳори омодагию ҳавасмандӣ зоҳир карданд.

Ҳамкориҳои минтақавию байналмилалии Тоҷикистону Турк­манистон низ аз ҷумлаи масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи ду ҷониб буд.

 Инчунин, 28 феврали соли 2017 мулоқоти хоса ва дӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин баргузор шуд.

Сарони давлатҳо масоили марбут ба натиҷаҳои сафар ва роҳу усулҳои татбиқи мувофиқаҳои бадастомадаро мавриди баррасӣ қарор дода, доир ба зарурати иҷрои санадҳои нави ҳамкорӣ фикру мулоҳизаҳои судманд баён намуданд.

Бо ҳамин сафари расмии Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом ёфт.

Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе меҳмони олиқадр­ро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гусел намуданд.

 www. president. Tj