Иштироки Пешвои миллат дар Намоиши байналмилалии «Рассомон — барои сулҳ»

№139 - 140 (3619-3620) 12.11.2016

30821859931_1dbab532a4_o11 ноябри соли 2016 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими оғози Намоиши байналмилалии «Рассомон — барои сулҳ» таҳти унвони «Дурдонаҳои Роҳи абрешим» иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар намоишгоҳ, ки дар Муассисаи давлатии Осорхонаи миллии Тоҷикис­тон баргузор шуд, меҳмонон ва рассомони хориҷӣ аз 30 давлати дунё иштирок карда, маҳсули эҷоди худро ба намоиш гузоштанд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон иштирокчиёни ҳамоишро муборакбод гуфта, оид ба мақоми санъати тасвирӣ, рушди он ва саҳми рассомон дар тарғиби фарҳанг андешаронӣ карданд.

Сипас, аз номи ҳайати меҳмонон ва иштирокчиён роҳбари Маркази табодули фарҳангии «Саёҳат ба хотири сулҳ» ҷаноби Шао Чанчун баромад кард ва аз ҷониби Иттифоқи байналмилалии «Рассомон — барои сулҳ» ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун қосиди сулҳу ваҳдати тоҷикон армуғони хотиравӣ — як мусаввараи нодир тақдим намуд.

Инчунин, ба 6 нафар рассом барои комёбиҳои баланди сатҳи ҷаҳонӣ медалҳои тилло, биринҷӣ ва нуқра супорида шуд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ин мусаввирони муваффақ барои хотира акс гирифтанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин дар ин рӯз бо ҳайати меҳмонони кишварҳои хориҷӣ ва рассомону мусаввирони давлатҳои гуногун аз Осорхонаи туҳфаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон боздид намуданд.

 www.president.tj