Иштироки Пешвои миллат дар тантанаҳои идона бахшида ба 25-умин солгарди таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадӣ

№62 (4012) 30.05.2019

47948974667_14eea6b469_o28 майи соли 2019 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон бо раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз Маркази идоракунии Сарҳади давлатии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дидан намуданд.

Тавре иттилоъ дода шуд, марказ пас аз навсозӣ ва муҷаҳҳазгардонӣ мавриди истифода қарор гирифта, бо муосиртарин дастгоҳу таҷҳизоти соҳавӣ ва шарту шароити корӣ таъмин гардидааст. Аснои шиносоӣ иброз гардид, ки он аз нуқтаи идоракунии фаврӣ, нуқтаи фармондиҳӣ, маркази алоқа, хобгоҳ, ҳуҷраи корӣ ва иншооти дигари ёрирасон иборат буда, барои фаъолияти корӣ ва назорати хати марзи давлатӣ шароити муосиру техникаи нав фароҳам оварда шудааст. Системаи идоракунии сарҳад аз воситаҳои мушоҳидавии рӯзона ва шабона, воситаҳои назорати ташкили муҳофизати сарҳад, системаи сабту банаворгирӣ иборат буда, имкон медиҳад, ки хати марзи давлатӣ ва сифатнок ба роҳ мондани хизмат дар сарҳад аз марказ ба тариқи мустақим идораву назорат карда шавад.

Мутахассисони соҳа Роҳбари давлатро бо фаъолияти марказ аз наздик шинос намуда, роҷеъ ба истифодабарии технологияи муосир ва усули кории он маълумот доданд. Иттилоъ дода шуд, ки фароҳамсозии шароит имконият дод, ки минбаъд гурӯҳи нав­батдорон шабонарӯзӣ  аз тартиби ташкили муҳофизати сарҳад аз ҷониби сардорони ҷузъу томҳо ва тартиби пешбурди хизмати назоратчиёни сарҳадиро дар мамлакат назорат намуда, ҳамчунин, дар ҳолати зарурӣ ба тартиби муҳофизати сарҳад тағйирот ворид намоянд.

Ҳамчунин, Маркази идоракунии сарҳадӣ дорои нуқтаи махсуси алоқа буда, барои қабул ва фиристодани ахбороти радиоӣ ва телефонӣ пешбинӣ гардидааст. Дар  он радиостансияҳо тақсимбандӣ гардида, ҳар як самт дар шабакаҳои алоҳида фаъолият менамояд. Дар баробари хати муқаррарии барқӣ, ҳамчунин таҷҳизот ва воситаҳои алоқа барои фаъолияти доимӣ бо панелҳои офтобӣ таъмин гардидаанд. Бо истифода аз фаъолияти марказ, ҳамчунин, ҳамкорӣ байни сохторҳои қудратӣ ба воситаи шабакаи алоҳидаи радиоӣ ва телефонӣ ба роҳ монда шудааст. Қобил ба тазаккур аст, ки феълан дар ҷузъу томҳои Қӯшунҳои сарҳадӣ ҳуҷҷатгузории электронӣ ба воситаи радиостансияҳои кӯтоҳмавҷ ба роҳ монда шудааст ва гурӯҳҳои сарҳадиву дидбонгоҳҳо имконият доранд, ки аз тариқи харитаи электронӣ наряди сарҳадиро назорат намоянд.

Сарвари давлат, ҳамчунин, бо корбарии Нуқтаи фармондиҳии марказ шинос шуда, мустақиман ҳисоботи роҳбарону намояндагони Қӯшунҳои сарҳадиро аз дигар шаҳру ноҳияҳои мамлакат гӯш карданд. Он бо техникаи муосири корӣ, воситаи махсуси алоқа ва хати баландшиддати интернет таъмин буда, метавон бо сарфаи вақт ҳолатҳои баамаломадаро мустақиман назорат ва ҳаллу фасл намуд. Ҳамчунин, маълумоти ҷамъовардашуда хаттӣ ё дар шакли электронӣ ба Нуқтаи фармондиҳӣ барои коркарду қабули қарор ворид карда мешавад.

Инчунин, Маркази идоракунии сарҳадӣ дорои дигар имкониятҳо, аз қабили толорҳои варзишӣ, утоқҳои корӣ ва хобгоҳ буда, барои такмили маҳорати касбӣ дар дохили он синфхонаи тирпарронии электронӣ ташкил гардидааст, ки дар асоси барномаи махсуси компютерӣ фаъолият намуда, бо дастгоҳҳои лазерӣ ва дигар аёнияти корӣ таъмин мебошад. Бо истифода аз ин имконият, ҳайати дастгоҳи марказӣ метавонанд малакаи тирпаррониро санҷида,  маҳорат такмил диҳанд.

Толорҳои варзишии марказ низ бо дастгоҳу таҷҳизоти муосир, ки барои машқу тамрини бадан пешбинӣ гардидаанд, таъмин мебошад.

Дар маҷмӯъ, Маркази идоракунии сарҳад барои идоракунии ҷузъу томҳои сарҳадӣ пешбинӣ гардида, бо дарназардошти стандартҳои муосири байналмилалӣ бунёд гардидааст.

Аснои шиносоӣ Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои истифодаи самараноки шароиту имкониятҳои фароҳамовардашуда ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода, аз масъулин даъват ба амал оварданд, ки дар ҳифзи сарҳади давлатӣ ва иҷрои масъулияти бардӯшдошта ҳушёру далер ва чусту чолок бошанд.

28 май дар шаҳри Душанбе Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ Гимназияи ҳарбии ба номи ворисони «Курӯши Кабир»-и Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар вазъияти тантанавӣ мавриди истифода қарор доданд.

Бинои он аз се корпуси дуошёна иборат буда, дар масоҳати 1360 метри мураббаъ қомат афрохтааст ва дорои синфхонаю китобхонаи барҳаво ва хобгоҳҳои замонавӣ мебошад.

Президенти мамлакат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст аз хобгоҳҳои хонандагони гимназия дидан намуда, бо шароити истироҳату фароғати таълимгирандагон шинос шуданд.

Барои таълимгирандагони муассисаи таълимӣ, ки аксарият аз шаҳру ноҳияҳои дурдас­ти мамлакат мебошанд, бо дастури бевоситаи Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар гимназия ҳашт хобгоҳ бо шароити муосиру замонавӣ бунёд шудааст.

Зикр гардид, ки дар Гимназияи ҳарбӣ ҳар сол то 100 нафар баъди хатми синфи 9 ба таълим фаро гирифта мешаванд ва бештари онҳоро нафарони нимятим ва ятимони кулл ташкил медиҳад.

Омӯзиш дар гимназия асосан бо забони тоҷикӣ ба роҳ монда шудааст ва ба таълиму тарбияи хонандагон 14 нафар омӯзгори ғайринизомӣ низ аз фанҳои гуногун дарс мегӯянд.

Зимни шиносоии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шароити маҷлисгоҳи гимназияи ҳарбӣ иттилоъ дода шуд, ки он барои 70 ҷойи нишаст сохта шудааст ва барои баргузории ҷамъомаду чорабиниҳои гуногуни дохилӣ хеле мувофиқу муносиб мебошад.

Дар гимназия барои огоҳии бештар пайдо кардани хонандагон аз таърихи пурғановати миллати тоҷик ва фидокориҳои фарзандони фарзонаи Ватан дар роҳи ҳифзи марзу буми аҷдодӣ ва арзишҳои миллӣ осорхона низ сохта шудааст, ки дар он ёдгориҳои таърихӣ, асарҳои пурарзиш, аксҳои нодир аз ҳаёти кӯдакӣ, наврасӣ ва ҷавонии Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гирдоварӣ гардидааст.

Гимназия дорои синфхонаҳои лингафонӣ, омӯзиши забонҳои англисию хитойӣ, туркӣ ва русӣ буда, хонандагон имкон доранд, нозукии забонҳои хориҷиро аз устодони ботаҷриба аз бар намоянд.

Таҳсил дар гимназияи ҳарбӣ ду сол муайян гардида, хатмкунандагон имкон доранд, ки дар асоси шартномаи дутарафа дар самти омода намудани мутахассисони сарҳадӣ таҳсили минбаъдаро дар донишкадаҳои олии ҳарбии дохил ва хориҷ, аз ҷумла Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Халқии Хитой, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Озарбойҷон ва дигар кишварҳо идома диҳанд. Иттилоъ дода шуд, ки барои таҳсилкунандагони аълохон дар самти интихоби кишвари оянда бо мақсади идома додани таҳсил имтиёзҳо пешбинӣ гардидааст.

Дар «Курӯши Кабир», ҳамчунин, барои хонандагон китобхонаи барҳаво муҳайё шудааст, ки таълимгирандагон метавонанд аз адабиёти гуногунмазмуни он васеъ истифода намоянд.

Ошхонаи барҳавои муассисаи таълимии ҳарбӣ, ки барои 130 нафар пешбинӣ гардидааст, ҷавобгӯ ба талаби замон мебошад.

Атрофи Гимназияи ҳарбӣ бо ниҳолҳои ҳамешасабз ва гулу буттаҳои гуногун оро дода шудааст ва бо мақсади ҷалби хонандагон ба солимгардонӣ ва обутоби бадан, майдончаи варзишӣ бо шароити хуб сохта шудааст.

Дар назди гимназия, ҳамчунин, бо мақсади таъмини хонандагон бо маҳсулоти тару тоза гармхона бунёд карда шудааст, ки аз он васеъ истифода бурда мешавад.

Президенти мамлакат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз шиносоии пурра бо шароити таълиму тарбияи насли наврас дар гимназия ба сифати корҳои анҷомшуда баҳои баланд дода, ба масъулин ҷиҳати истифодаи пурсамар аз имконоти муҳайёгардида ва таълиму тарбияи хонандагон дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ дастуру ҳидоятҳои судманд доданд.

Ҳамчунин, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон бо раиси шаҳри Душанбе Рустами ­Эмомалӣ бо мақсади иштирок дар тантанаҳои идона бахшида ба 25 — умин солгарди таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маркази таълимии «Пойтахт» — и Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ташриф оварданд.

Нахуст Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди маҷмааи ёдгории сарбозону афсарон, ки дар ҳифзи сарҳади давлатӣ ҳалок шудаанд, бо нишони эҳтиром гулчанбар гузош­та, сипас, дар назди сарбозону афсарони Қӯшунҳои сарҳадӣ суханронӣ намуда, ба онҳо ва хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат 25-умин солгарди таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистонро табрик гуфтанд ва дар иҷрои вазифаи муқаддаси ҳарбӣ далериву шуҷоат ва шарафу комёбӣ орзу намуданд.

Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикис­тон дар шароити басо сангини солҳои аввали истиқлоли давлатии кишвар дар ҷойи холӣ, бе заминаи моддию техникӣ, таъсис ёфта, бо гузашти 25 сол дар натиҷаи ҷаҳду талошҳои шаборӯзӣ ба як неруи муқтадири муҳофизи марзу буми Ватан табдил ёфт.

Таъкид гардид, ки яке аз тадбирҳои аввалине, ки барои ноил шудан ба ҳадафҳои дар ин самт гузошташуда мусоидат намуд, бунёду навсозии инфрасохтори сарҳадӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои сарҳадбонон мебошад. Ва бо қаноатмандӣ гуфта метавон, ки инфрасохтори Қӯшунҳои сарҳадии мамлакат тадриҷан ба талаботи меъёрҳои замонавӣ мутобиқ шудааст. Ҳоло сарҳадбонони даврони соҳибистиқлолӣ барои ҳифзи амнияти ҷомеа, ҳимояи марзҳои кишвар ва истиқлолияти давлати тоҷикон хизмат­ро дар шароити муосир анҷом медиҳанд.

Бо қаноатмандӣ изҳор гардид, ки роҳбарияти давлату Ҳукумат минбаъд низ ҷиҳати таҳкими заминаҳои моддиву техникӣ, таъминоти воҳид­ҳои махсус ва ҷузъу томҳои ҳарбӣ бо таҷҳизоту техникаи замонавии ҳарбӣ, муҳимоти ҷангӣ ва ҳаллу фасли масъалаҳои иҷтимоии ҳайати шахсӣ тадбирҳои заруриро амалӣ намуда, дастгириву ғамхориро ҷиҳати беҳсозии хизмати марзбонон ва шароити зисту рӯзгори онҳо тавсеа мебахшад.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷалби таваҷҷуҳи муҳофизони Ватан ба равандҳои номатлуби сиёсию иҷтимоӣ дар гӯшаҳои гуногуни ҷаҳон ва кӯшишҳои ба муноқишаҳои мусаллаҳона кашидани минтақаҳои мухталифи  олам онҳоро ба зиракию ҳушёрии мудом, омодагии баланди ҳарбӣ ва ҳифзи музаффариятҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳидоят намуданд.

Ба таъкиди Пешвои миллат марзбонони тоҷик ҳамеша амиқан дарк мекунанд, ки пешгирӣ кардани зуҳуроти номатлуби ҷаҳони муосир, ки маҳз тавассути сарҳад ба амал меояд, яке аз роҳҳои таъмини зиндагии осоиштаи мардуми кишвар ва минтақа мебошад.

Баъди суханронии Президенти мамлакат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 25 — умин солгарди таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузашти низомӣ доир гардид.

47949041307_0355fb4cd8_oДар идомаи боздиди корӣ дар Маркази таълимии «Пойтахт»-и Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ ­Раҳмон бо раиси шаҳри Душанбе ­Рустами ­Эмомалӣ аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзии хоҷагиҳои ёрирасони назди Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии мамлакат дидан карданд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар давраи кишти тирамоҳии маҳсулот соли 2018 дар масоҳати умумии 215 гектар замин пиёзу картошкаи баҳорӣ ва ҷаву гандум кошта шуд. Баҳори имсола кишту парвариши кадуву лаблабу, караму сабзӣ, пиёзу картошкаи тирамоҳӣ ва дигар сабзавот дар масоҳати 114 гектар замин гузаронида шуд. Имрӯзҳо хоҷагиҳои ёрирасони Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои Лахш, Ховалинг, Рӯшон, Ишкошим, Панҷакент, Исфара ва Кӯҳистони Мастчоҳ амал мекунанд, ки дар онҳо истифодаи мақсадноки неъматҳои табиӣ таври матлуб ба роҳ монда шудааст.

Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз намоишгоҳ масъулони бахши кишоварзии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро вазифадор намуданд, ки ба хотири таъминоти босифати сарбозон бо хӯроки серғизои аз лиҳози экологӣ тоза тадбирҳои иловагӣ андешида, кишту парвариши зироатҳои кишоварзиро дуруст ба роҳ монанд.

Хабар дода шуд, ки аз тарафи хоҷагиҳои ёрирасони Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар панҷ моҳи соли 2019 ба андозаи зиёда аз 318 ҳазор сомонӣ маҳсулот, ба монанди шалғам, турб, карам, шалғамча (редиска), кабудӣ, пиёз, шир, гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ истеҳсол карда шудааст. Ҳамчунин, иттилоъ дода шуд, ки дар тобеияти сохтори Қӯшунҳои сарҳадӣ чорвои калону майдаи шохдор, асп, мурғ, харгӯш, занбӯри асал ва намудҳои гуногуни паранда парвариш меёбанд.

Сатҳи баргузории намоишгоҳ собит кард, ки неруҳои марзбонии кишвар дар баробари ҳифзи марзу буми давлатӣ ва иҷрои вазифаҳои хизматӣ, инчунин дар масъалаи таъмини амнияти озуқаворӣ ҳиссагузорӣ доранд. Хоҷагиҳои ёрирасони Қӯшунҳои сарҳадӣ дар баробари таъминоти пурраи хӯрокаи сарҳадчиён аз тарафи Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷиҳати таъмини марзбонон бо номгӯи зиёди маҳсулоти кишоварзӣ саҳми шоиста мегузорад.

Дар идома Сарвари давлати Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузашти техникаву таҷҳизот ва мошинҳои зиреҳпӯши ҷангиро дар Маркази таълимии «Пойтахт» — и Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон назорат карданд. Дар гузашт номгӯйи зиёди мошинҳои зиреҳпӯши ҷангии муосир ба намоиш гузошта шуд. Ҳаракати воситаҳои нақлиёт тавассути қитъаи шартии хати сарҳади давлатӣ сурат гирифт. Тавре маълум гардид, дар натиҷаи тадбирҳои андешидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ғамхориҳои бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон, сохторҳои ҳарбӣ, аз ҷумла Қӯшунҳои сарҳадии мамлакат ва ҷузъу томҳои он, бо техникаву таҷҳизоти зарурии замонавӣ таъмин гардида, қувваи мудофиавии неруҳои марзбонӣ таҳким ёфтааст ва он ба мактаби пурқудрати шуҷоату мардонагӣ мубаддал гардидааст.

www.president.tj