ИШТИРОКИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР РАЪЙПУРСИИ УМУМИХАЛҚӢ

№22 майи соли 2016 22.05.2016

ПрезидентСубҳи 22 майи соли 2016 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маъракаи муҳими сиёсӣраъйпурсии умумихалқӣ оид ба ворид кардани таѓйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуд.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба участкаи раъйдиҳии рақами 15-и ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт ташриф оварда, барои ворид кардани таѓйиру иловаҳо ба баъзе моддаҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон раъй дод.

Дар раъйпурсӣ сокинони маҳаллаи Маҳмадулло Холов, ки участкаи рақами 15-и ҳавзаи раъйпурсии ноҳияи Исмоили Сомонӣ рақами 2 дар он қарор дорад, дастаҷамъона ширкат варзиданд. Ҳамагӣ дар участкаи раъйдиҳии мазкур 1534 нафар овоздиҳанда  ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин 4 нафар бори аввал овоз доданд.

Иштироки васеъи мардум дар раъйпурсӣ аз фаъол будан дар ҳаёти сиёсию ҷамъиятии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон, аз сатҳи баланди донишу маърифат ва ҳисси масъулиятшиносии онҳо, аз ҷонибдории сокинон аз фазои сулҳу осоиш ва суботу эътидоли иҷтимоию иқтисодӣ ва рушди фарҳангии ҷомеа гувоҳӣ медиҳад.