Иштироки Сарвари давлат дар маросими ифтитоҳи Бозиҳои якуми аврупоӣ

№82 (3383) 16.06.2015

Дувоздаҳуми июни соли 2015 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар маросими ифтитоҳи Бозиҳои якуми аврупоӣ вориди шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озар18568905248_8165b30538_oбойҷон шуд.

Қабл аз оғози маросими ифтитоҳи ин чорабинии бошукӯҳи варзишӣ, ки бори нахуст баргузор мегардад, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва дигар роҳбарони давлатҳою ҳукуматҳо ва меҳмонони воломақоми ташрифовардаро Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев истиқбол гирифта, хайра мақдам гуфт.

Тавре иттилоъ медиҳанд, Бозиҳои якуми аврупоӣ дар шаҳри Боку — пойтахти Ҷумҳурии Озарбойҷон дар сатҳи баланди ташкилию варзишӣ ба роҳ монда шуда, аз 12-ум то 28-уми июни соли равон идома хоҳанд дошт.

Давоми ду ҳафта танҳо дар сатҳи роҳбарони давлатҳо ва ҳукуматҳои зиёда аз 30 кишвари ҷаҳон меҳмонони олимақом ба шаҳри Боку ташриф меоранд.

Дар шаҳри Боку қариб шаш ҳазор варзишгар дар бист намуд бозӣ, ки 16-тоаш намудҳои олимпӣ мебошанд, аз 49 кишвар қувваозмоӣ хоҳанд кард.

www.president.tj