Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иттилоия

№73 - 74 (4023 - 4024) 25.06.2019

48102332581_cd001df9c4_o21 июни соли равон дар бинои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар он нахуст «Нақшаи кори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои нимсолаи дуюми соли 2019» баррасӣ ва қабул гардид.

Сипас, оид ба ҷараёни иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2014, №302 «Дар бораи дастгирии давлатӣ ва андешидани тадбирҳо оид ба солимгардонии вазъи иқтисодию молиявии Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик» ҳисоботи вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода шунида шуд.

Тавре таъкид гардид, рушди соҳаи энергетика яке аз ҳадафҳои стратегии мамлакат ба ҳисоб рафта, дар солҳои охир вазъи он бо дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тадриҷан беҳтар гардида, соли 2018 дар мамлакат 19,7 млрд. кВт/соат неруи барқ истеҳсол  шуд.

Зикр гардид, ки дар натиҷаи амалӣ гардидани нақшаи чорабиниҳо оид ба кам кардани талафоти неруи барқ солҳои 2014-2018 талафоти неруи барқ аз 17,3 фоиз дар соли 2014 то ба 15,5 фоиз дар соли 2018 коҳиш ёфта, дар ин давра ҳаҷми фоиданоки неруи барқ дар бозори дохилӣ зиёд гардид ва ҷамъоварии маблағ аз 1 млрд. 40 млн. сомонии соли 2014 дар соли 2018 2 маротиба зиёд ва ба 2 млрд. 79 млн. сомонӣ баробар шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур доданд, ки истифодаи сарфакоронаи неруи барқ, боз ҳам беҳтар намудани ҷамъоварии маблағи барқи истифодашуда, коҳиш додани сатҳи талафоти неруи барқ, ба пуррагӣ гузаштан ба низоми муосири биллингии ҳисоби барқ ва баҳисобгирии неруи барқи таҳвилшаванда аз зеристгоҳҳои барқӣ то муштарии охирин таҳти назорат қарор дода шавад.

Таъкид шуд, ки Вазорати энергетика ва захираҳои об, Хадамоти давлатӣ оид ба назорат дар соҳаи энергетика ва Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик» ҷиҳати муайян намудани андозаи воқеии талафоти неруи барқ, кам намудани он ва бо истифода аз низоми биллингӣ барои зиёд намудани ҳаҷми ҷамъоварии маблағи неруи барқи истифодашуда чораҳои мушаххас андешида, аз натиҷааш ҳар сол ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намоянд.

Доир ба дигар масъалаҳо, аз ҷумла, дар бораи «Барномаи давлатии рушди таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020 — 2025» вазири маориф ва илм Нуриддин Саид, дар бораи лоиҳаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019», «Дар бораи хазинадорӣ» ва «Оид ба ворид намудани тағйир ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» вазири молия Файзиддин Қаҳҳорзода, дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода ва оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба экстремизм» прокурори генералӣ Юсуф Раҳмон гузориш доданд.

Баъди баррасии аъзои Ҳукумати мамлакат лоиҳаи қонунҳои зикршуда барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карда шуд.

Дар маҷлиси Ҳукумати мамлакат, ҳамчунин, лоиҳаи як қатор созишномаҳои байниҳукуматӣ бо дигар кишварҳо мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Доир ба дигар масъалаҳо, аз ҷумла «Барномаи давлатии солимии репродуктивӣ барои солҳои 2019 — 2022» вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Насим Олимзода, дар бораи тарифҳои неруи барқ ва гармӣ, Методологияи ҳисоби тарифи неруи барқ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сардори Хадамоти зиддиинҳисорӣ Икромиддин Вализода ва дар бораи «Нақшаи генералии шаҳри Роғун» раиси он Музаффар Сулаймонзода гузориш доданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон ба аъзои Ҳукумат, роҳбарони вазорату идораҳо ва раисони шаҳру ноҳияҳо барои иҷрои бетаъхири масъалаҳои баррасишуда, дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Дастуру супоришҳои дигар барои вусъати корҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷамъоварии беталафи ҳосил, захираи кофии хӯроки чорво, тавсеаи соҳилмустаҳкамкунӣ ва пешгирии ҳолатҳои фавқулода, ташкили истироҳати босифати кӯдакону наврасон дар лагерҳои истироҳатию фароғатии мамлакат ва омодагии ҳамаҷониба ба таҷлили сазовори ҷашну идҳои дарпешистода дода шуданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди натиҷагирӣ аз баргузории Ҳамоиши панҷуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё, ки 14 — 15 июни соли ҷорӣ дар пойтахти мамлакат — шаҳри Душанбе доир гардид, ба роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва сохтору мақомоти он барои дар сатҳи баланди ташкиливу омодагӣ ва дар муҳити ободу ором гузаронидани чорабинӣ изҳори сипос карда, миннатдории бепоёни худро, махсусан, ба сокинони шаҳри Душанбе, ронандагони воситаҳои нақлиёти ҷамъиятиву шахсӣ ва дигар сохторҳои хизматрасонӣ барои масъулияти баланди шаҳрвандӣ, одоби баланди муошират, фарҳанги волои меҳмондориву меҳмоннавозӣ ва хизматрасонии босифат ба меҳмонон баён намуданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон аз сатҳи тадбирҳои ободониву сабзу хуррамгардонӣ, истиқболу гусели пуршукӯҳи меҳмонони олиқадр изҳори қаноатмандӣ карда, таъкид намуданд, ки дар сатҳи баланд баргузор шудани чорабинӣ натиҷаи заҳмату талоши сохторҳои шаҳрӣ ва саҳми арзишманди сокинони пойтахт мебошад.

www.president.tj