Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ИТТИЛОИЯ

№93 (4199) 04.08.2020

Хукумат30 июли соли 2020 таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар он нахуст вазири рушди иқтисод ва савдо Завқӣ Завқизода «Дар бораи дурнамои нишондиҳандаҳои асосии мак­роиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2023» гузориш дод.

Таъкид гардид, ки ҳангоми таҳияи лоиҳаи «Дурнамои нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ барои солҳои 2021-2023» вазъи иқтисоди ҷаҳон ва кишварҳои ИДМ, шарикони асосии тиҷоратии кишвар ва дигар мамлакатҳои олам дар робита ба паҳншавии бемории нави сироятии коронавирус, тағйирёбии нархҳо дар бозорҳои ҷаҳонии молию ашёӣ ва тамоюли рушди соҳаҳои иқтисодиёти миллӣ дар солҳои охир, аз ҷумла, дар моҳҳои январ-апрели соли 2020, ба инобат гирифта шудааст.

Президенти мамлакат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон, бо дарназардошти вазъи ҷомеаи ҷаҳонӣ, паҳншавии пандемияи бемории сироятии коронавирус ва таъсири омилҳои беруна ба иқтисодиёти мамлакат, ба Ҳукумати кишвар, вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо супориш доданд, ки ба хотири рафъи камбудию мушкилоти пешомада аз тамоми имкон васеъ ва самаранок истифода бурда, дар байни мардум корҳои фаҳмондадиҳиро оид ба истеҳсолу захираи маҳсулоти кофии озуқаворӣ ба роҳ монанд.

Сипас, аъзои Ҳукумат лоиҳаҳои як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аудити дохилӣ дар ташкилотҳои бахши давлатӣ», «Дар бораи Барномаи ҳамкорӣ байни шарикони сетарафаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ташкилоти байналмилалии меҳнат оид ба меҳнати арзанда барои солҳои 2020-2024» ва «Дар бораи Барномаи миллии пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон барои солҳои 2020-2024» — ро баррасӣ карданд.

Дар робита ба масъалаҳо «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» ва «Дар бораи «Нақшаи чорабиниҳо барои солҳои 2020-2025 оид ба амалигардонии «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф эълон намудани солҳои 2020-2040» ҳисоботи вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ Муҳаммадюсуф Имомзода, «Дар бораи Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 — 2025» ҳисоботи раиси Кумитаи телевизион ва радио Нуриддин Саид шунида шуд.

Ба Ҳукумати мамлакат ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ супориш дода шуд, ки вобаста ба вазъи ҷомеаи ҷаҳонӣ, пандемияи коронавирус дар муассисаҳои соҳаи тандурустии кишвар захираи зарурии дорувориро таъмин кунанд, ба хотири пешгирии мавҷи дуюми паҳншавии бемории коронавирус табибонро аз бозомӯзӣ гузаронанд ва дар байни мардум корҳои фаҳмондадиҳиро ҷиҳати риояи қоидаҳои санитарӣ — гигиенӣ ҷоннок намоянд.

Дар охир Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар таваҷҷуҳи аъзои Ҳукумати кишварро ба ҳалли ­масъалаҳои мубрами рӯз, иҷрои супоришҳои маҷлиси Ҳукумати ҷумҳурӣ, дастуру супоришҳои Сарвари давлат барои таъмини нақшаи кишти такрорӣ, истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ, дар сатҳи зарурӣ баргузор кардани маъракаи зимистонгузаронӣ, омодагии муассисаҳои таълимии кишвар ба соли нави хониш, вобаста ба камобии имсола сарфакорона истифода бурдани неруи барқ баҳри рафъи мушкилоти фаслҳои тирамоҳу зимистони дарпешистода ва бо барқ таъмин намудани аҳолӣ, соҳаҳои иқтисоди миллӣ, захираи кофии маҳсулоти сӯхт ва хӯрокворӣ, дастгирии табақаи ниёзманди кишвар дар арафаи иду ҷашнҳои миллӣ ҷалб карда, аз масъулини сохторҳои давлатӣ иҷрои ҳатмии онҳоро талаб намуданд.

www.president.tj