Изҳори тасаллият ба пайвандони фавтидагони офатҳои табиӣ

№97-98 (3398-3399) 23.07.2015

Бисту якуми июли соли 2015 Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода, муовини Сарвазир Азим Иброҳим, вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Ганҷалзода, вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода, раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Абдураҳимов, раисони ноҳияҳои аз офатҳои табиӣ зарардида барои ҳар чӣ зудтар бартараф намудани оқибатҳои ҳолатҳои ногувор, ки дар ноҳияҳои Шуғнон, Рӯшон ва Ванҷу Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва ҳамчунин дар ноҳияи Рашт рух додаанд, супоришҳои мушаххас дод.

Таъкид гардид, ки барои барқарор намудани роҳу пулҳо, хатҳои барқӣ ва дигар иншооти харобгардида ва пеш аз ҳама, барои дастгирии аҳолии осебдида техникаю таҷҳизоти зарурӣ, қувваи корӣ ва тамоми лавозимоти аввалия ба миқдори зарурӣ сафарбар карда шавад.

Хотиррасон бояд намуд, ки бар асари боришоти шадид ва селу обхезӣ дар ноҳияи Рашт 50 хона пурра ва 100 хонаи дигар қисман вайрон шудаанд. Мутаассифона, тайи шабонарӯзи гузашта дар натиҷаи боришоти шадиду обхезӣ шаш нафар дар ноҳияи Ванҷ ва як кас дар ноҳияи Рашт талаф ёфтаанд.

Аз ин хотир, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳамзамон ба аҳли хонавода ва наздикону пайвандони фавтидагон изҳори тасаллияту ҳамдардӣ намуд. Ба масъулини ҷумҳуриявию маҳаллӣ дастур дода шуд, ки аз аҳволи хонаводаҳои шахсони ҳалокшуда бохабар гардида, дастгирии моддию маънавии худро дареғ надоранд.

Ҳоло бо супориши Президенти мамлакат дар ҳамаи минтақаҳои аз офати табиӣ зарардида корҳои барқарорсозӣ идома дошта, барои аҳолии осебдида кумаки зарурӣ расонида мешаванд. Ба онҳо, аз ҷумла маводи ғизоӣ, либос ва дигар ашёи зарурӣ дастрас мегардад. Ҳамчунин ба хонаводаҳое, ки аз манзили истиқоматӣ маҳрум гаштаанд, қитъаҳои замин ҷудо карда шудааст ва барои сохтмони хонаҳояшон ба онҳо ҳамаҷониба кумак расонида мешавад.

www.president.tj