Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар фарҷоми музокироти ҳайатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Таиланд

№105 (3090) 22.08.2013

19 августи соли 2013, шаҳри Душанбе

 Изхорот

Нахуст, мехостам дар ҳузури шумо бори дигар сипоси самимии хешро ба Хонуми Олиҷоҳ Йинглак Шинаватра, Сарвазири Шоҳигарии Таиланд барои ҳусни таваҷҷуҳ ва қабули даъвати инҷониб ҷиҳати боздид аз Тоҷикистон иброз намоям.

Ин ташрифи ҳайати воломақоми ҷониби Таиландро аз кишвари худ мо ҳамчун идомаи мантиқии муколамаи мунтазами сиёсии байни ду кишвар дар сатҳҳои мухталиф, аз ҷумла олӣ арзёбӣ менамоем.

Бовар дорам, ки муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои мутақобилан судманди Тоҷикистон ва Таиланд бар асари мулоқоту музокироти имрӯза ҷанбаҳои нави ҳамёрии созандаро фаро хоҳанд гирифт.

Дар рафти мулоқоти ҳайатҳои ҷонибҳо, ки дар фазои ҳусни тафоҳум, ҳамраъйӣ ва мавқеъгирии созанда баргузор гардид, ҷанбаҳои мухталифи масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷонибаю бисёрҷониба ва самтҳои ояндадори онҳо мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор доштанд.

Ҳамзамон бо ин, мо атрофи мавзуъҳои муҳими минтақавӣ ва глобалӣ мубодилаи афкор анҷом дода, ҳамраъйӣ ва наздикии мавқеи якдигарро нисбати масъалаҳои умдаи байналмилалии мавриди таваҷҷуҳи тарафайн таъкид кардем.

Зимнан, мо аҳд кардем, ки дар арсаи ҷаҳонӣ ва минтақавӣ саъю талошҳои муштаракамонро баҳри таҳкими сулҳу субот ва тавсеаи ҳамкориҳои созанда минбаъд ҳам идома дода, ташаббусҳои якдигарро дар ин ҷода дастгирӣ намоем.

Дар ин замина мо таваҷҷуҳи ҷониби Таиландро ба барномаву лоиҳаҳои иқтисодии худ, ки дар доираи ҳадафҳои стратегии таъмини рушди босуботи кишвар таҳия гардида, ҳамзамон аҳамияти минтақавӣ доранд, ҷалб кардем.

Фардо мо дар якҷоягӣ бо хонум Шинаватра ва дигар меҳмонони воломақоми Тоҷикистон, ки вориди пойтахти кишварамон шудаанд, Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи обро ҳусни оғоз мебахшем.

Иштироки Сарвазири Шоҳигарии Таиланд дар ин чорабинии глобалии Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об боз як нишонаи ҳамёрии кишварҳои мо дар самти дарёфти роҳҳои ҳаллу фасли масъалаҳои мубрами глобалӣ мебошад.

Дар мавриди густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманди дуҷониба роҳу воситаҳои истифодаи самарабахши захираҳои бузурги онҳо дар соҳаҳои мухталифи тиҷорату иқтисод ва гуманитариву иҷтимоӣ бо дарназардошти манфиатҳои тарафҳо қарор дошт.

Ҷониби Тоҷикистон қаноатмандии хешро аз фаъолияти ширкатҳову соҳибкорони таиландӣ дар бахшҳои додугирифти мол, туризм ва сармоягузорӣ, кишоварзӣ, энергетика, саноати сабук, хӯрокворӣ ва дигар соҳаҳои воқеии иқтисодиёт ва омодагии онҳо барои ҳамкориҳои муассир бо ҳамтоёни тоҷики худ иброз намуд.

Вобаста ба ин, мо аҳамияти татбиқи фаъолтари қарордодҳои пештар аз ҷониби ду кишвар имзогардидаро дар соҳаҳои тиҷорату ҳамкориҳои иқтисодӣ ва техникӣ, туризм, ҳифзи мутақобилаи сармоя ва каноргирӣ аз андозбандии дукарата таъкид намудем.

Ҳамзамон ҷонибҳо рағбати худро ҷиҳати рушди муносибатҳои байнидавлатиашон дар дигар соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла илм ва маориф изҳор карданд.

Мо итминон дорем, ки сафари ҳайати воломақоми Шоҳигарии Таиланд ба Тоҷикистон марҳалаи нави муносибатҳои дӯстонаи кишварҳои моро оғози накӯ хоҳад бахшид.