Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пас аз мулоқоту музокирот бо Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Навоз Шариф

№80-81 (3381-3382) 12.06.2015

11392917_846665498736971_2046294318814221518_o9 июни соли 2015, шаҳри Душанбе

Муҳтарам намояндагони воситаҳои ахбори омма!

Дӯстони гиромӣ!

Хонумон ва ҷанобон!

Музокироти мо бо Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон, Ҷаноби Олӣ Муҳаммад Навоз Шариф бисёр пурмуҳтаво ва самаранок буд.

Дар суҳбати хоса ва сипас, дар музокироти васеи ҳайатҳои Тоҷикистон ва Покистон дар фазои дӯстона ва ҳусни тафоҳум мо масъалаҳои мубрами ҳамкориҳои дуҷониба дар арсаҳои гуногун ва доираи васеи масъалаҳои дигари мавриди таваҷҷуҳро баррасӣ намудем.

Рағбати ҷонибҳо ба рушду тавсеаи ҳамкориҳо дар соҳаҳои саноату тиҷорат, сармоягузорӣ, энергетика, нақлиёт, маориф, илму фарҳанг, дифоъ ва амният бори дигар баръало зоҳир гардид.

Дар ин замина зарурати татбиқи комили амалии Баёнияи муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон дар бораи густариши шарикӣ ва иҷрои муқаррароти санадҳое, ки зимни сафари расмии Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон 17 июни соли 2014 дар шаҳри Душанбе ба имзо расида буданд, таъкид карда шуд.

Баҳри густариши бештари ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва таҳкими робитаҳои байни доираҳои алоқаманди ду кишвар қарор шуд, ки моҳи октябри соли ҷорӣ Намоишгоҳи тиҷоратии молҳои истеҳсоли Покистон дар Душанбе ва ҷаласаи навбатии Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Покистон оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва илмию техникӣ дар шаҳри Исломобод гузаронида шаванд.

Дар рушду таҳкими робитаҳои ду кишвар нақши фаъоли амалии Комиссияи махсуси муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика ва дар ҳошияи кори он баррасӣ ва ҳал намудани масъалаҳои ҳамкорӣ ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои энергетикӣ ва зербиноӣ муҳим арзёбӣ карда шуданд.

Дар ин чаҳорчӯба аҳамияти бузурги татбиқи ҳар чӣ зудтари барномаи КАСА-1000 бори дигар мавриди таъйид қарор гирифт ва василаҳои муассири амалигардонии он баррасӣ шуданд.

Бори дигар таъкид гардид, ки ҳар чӣ зудтар ба имзо расонидани Созишномаи сеҷониба байни Афғонистон, Покистон ва Тоҷикистон дар бораи тиҷорати транзитӣ ба рушду тавсеаи робитаҳои бозаргонӣ ва иқтисодӣ мусоидат карда, ба ҳамкориҳои минтақавӣ дар ҳамаи заминаҳо такони муассир хоҳад бахшид.

Бо дарназардошти хусусиятҳои нави вазъи кунунии минтақавӣ, зимни музокирот зарурати ҳамкориҳои беш аз пеши Тоҷикистон ва Покистон дар самти мубориза бар зидди неруҳои терроризми байналмилалӣ ва ифротгаройӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар чолишу таҳдидҳо ба амнияти миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ тазаккур ёфт. Ҷониби Тоҷикистон пуштибонии комили худро аз иқдомоте, ки дар Покистон дар ин самт сурат гирифтанд, эълом дошт.

Ҳамкории ду кишвар дар чаҳорчӯбаи Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Ҳамкории Исломӣ, Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ, Созмони Ҳамкории Шанхай ва созмонҳои дигари марбутаи байналмилалӣ ва минтақавӣ мусбату босамар арзёбӣ гардид.

Дар хотима мехоҳам бори дигар ба Сарвазири муҳтарами Ҷумҳурии Исломии Покистон, Ҷаноби Олӣ Муҳаммад Навоз Шариф барои иштирокашон дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд доир ба ҷамъбасти раванди татбиқи амалии Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об — барои ҳаёт» (солҳои 2005 -2015) изҳори сипос намоям.

www.president.tj