Конфронси 21-уми Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим

№164 (3465) 03.12.2015

12291702_933046186765568_4581846117656874854_o30 ноябри соли 2015 дар шаҳри Парижи Ҷумҳурии Франсия Конфронси 21 — уми Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим оғоз ёфт.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамоиши сатҳи баланд — Конфронси 21-уми Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим иштирок ва суханронӣ намуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва дигар сарони давлатҳо, роҳбарони ташкилоту созмонҳои байналмилалии иштирокчии конфронсро Президенти Ҷумҳурии Франсия Франсуа Олланд истиқбол гирифт.

Дар кори Конфронс сарони беш аз яксаду панҷоҳ давлати олам иштирок доранд.

Конфронси 21 — уми Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим аз 30 ноябр то 11 декабр дар шаҳри Париж баргузор мешавад.

Ба рӯзномаи кори Конфронс баррасии масъалаҳои болоравии меъёри ҳарорат, коҳиш додани ҳаҷми партовҳои газҳои гулхонаӣ, расондани кумак ба кишварҳои рӯ ба рушд ва дигар мушкилоти иқлим ворид карда шудааст.

 www.president.tj