Корхонаи маъдантозакунии «Рукнобод» ба истифода дода шуд

№139 (3440) 19.10.2015

 IMG_2378 - копия18 октябри соли 2015 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баъди ифтитоҳи як қатор иншооти ҳаётан муҳим ва мулоқот бо сокинони ноҳияи Айнӣ ба шаҳри Панҷакент ташриф овард.

Дар шаҳри Панҷакент Сарвари давлат нахуст ба фаъолияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Броадтек Тоҷикистон Майнинг Инвестмент Лимитед», воқеъ дар деҳоти  «Рукнобод» оғози расмӣ бахшид.

Корхонаи маъдантозакунии «Рукнобод» аз тарафи Ширкати хитойии «Броадтек Тоҷикистон Майнинг Инвестмент Лимитед» бо арзиши лоиҳавии 135 миллион сомонӣ (21 миллион доллари ИМА) сохта шудааст.

Иқтидори истеҳсолии солонаи корхона коркарди 75,0 ҳазор тонна маъдан буда, ҳамасола ба маблағи 10 миллион сомонӣ хокаи қалъагӣ ва мис истеҳсол менамояд.

Дар корхонаи нав дар маҷмӯъ 220  нафар бо кори доимӣ таъмин шудаанд, ки аз онҳо 140 нафарашон мутахассисони маҳаллӣ мебошанд. Сокинони шаҳр баъд аз гузаштан аз курси махсуси бозомӯзӣ ба кор ҷалб карда шудаанд.

Технологияи навтарини ҶДММ «Броадтек Тоҷикистон Майнинг Инвестмент Лимитед» имкон медиҳад, ки дар як шабонарӯз 300 тонна хока коркард ё шуста шавад.

Алҳол корҳои омодагӣ ва мувофиқгардонӣ оид ба сохтмон ва ба истифода супоридани навбати дуюми корхона, ки маҳсулоти ниҳоии он металлҳо аз мис ва қалъагӣ мебошад, идома дорад.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон баъди ифтитоҳи корхона дар ҳамин ҷо бо фаъолияти мутахассисон, ҷараёни истеҳсолот, технологияи нави воридшуда ва шароити корӣ бевосита шинос шуд. Ин корхона дар наздикии кони «Мушкистон», воқеъ дар қаторкӯҳҳои Зарафшон бунёд шудааст ва аз маркази шаҳри Панҷакент 30 километр дуртар ҷойгир аст.

Соҳибкорони хитойӣ нақша доранд, ки дар оянда доираи фаъолияти худро боз ҳам васеъ намуда, дар заминаи ҳамин кон боз якчанд корхонаҳои саноатии дигарро низ бунёд намоянд.

Зимни мулоқот бо коргарони корхонаи нав Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар бораи саҳми корхонаҳои саноатӣ дар ғанӣ гардонидани Буҷети давлатӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва беҳдошти шароити зисти сокинони шаҳр андешаронӣ карда, коргаронро ба фаъолияти пурсамар ва иҷрои софдилонаи корҳо ҳидоят намуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти корхона супориш дод, ки ба сифати корҳо, сари вақт супоридани андозҳо ва таъмини кормандон бо маоши хуб аҳамияти махсус диҳанд.

Тибқи супориши Сарвари давлат бояд беш аз 90 фоизи кормандон аз ҳисоби мутахассисони маҳаллӣ ба кор ҷалб карда шаванд.

www.president.tj