Маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

№7 (3153) 18.01.2014

IMG_0922

Рӯзи 15 январи соли 2014 таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ дар соли 2013 мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифта, вазифаҳо барои соли 2014 мушаххас карда шуданд.

Барои иштирок дар маҷлиси ҷамъбастии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон раёсат ва аъзои Ҳукумат, роҳбарони идораҳои назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати кишвар, масъулони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони марказҳои татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионӣ, мактабҳои олӣ, бонкҳо, рӯзномаҳои расмӣ ва дигар шахсони масъул ба ҳам омаданд.

IMG_0823

Дар маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нахуст ҳисоботи Сарвазири кишвар Қоҳир Расулзода шунида шуд. Тавре зикр гардид, суръати афзоиши иқтисодиёти кишвар дар соли 2013-ум 7,4 фоизро ташкил дода, Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилӣ ба зиёда аз 40,5 миллиард сомонӣ расид. Сатҳи таваррум бошад, 3,7 фоизро ташкил дод, ҳол он ки дар соли 2012 ин нишондод ба 6,4 фоиз баробар гардида буд. Чунонки аён гардид, нишондодҳои рушд дар тамоми бахшҳои иқтисоди миллӣ мусбӣ мебошанд.

Аз ҳисоботи вазири молия Абдусалом Қурбонов маълум шуд, ки Буҷети давлатӣ дар соли 2013 барзиёд иҷро гардида, ҳаҷми он ба 11,5 миллиард сомонӣ баробар шудааст, ки нисбат ба ҳамин нишондиҳандаи соли 2012 кариб ду миллиард сомонӣ зиёд аст.

Аз ҳисоботи раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Нусратулло Давлатов бармеояд, ки сарфи назар аз таъмин нагардидани нақшаи андозсупорӣ аз ҷониби як қатор корхонаҳои бузург ва қисмате аз шаҳру ноҳияҳо, дар маҷмӯъ нақшаи ҷамъоварии андозҳо дар ҷумҳурӣ барзиёд иҷро гардидааст.

Зимни ҳисоботи сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ, аз ҷумла зикр гардид, ки нақшаи пардохтҳои гумрукӣ дар ҳаҷми 3 миллиарду 241 миллион сомонӣ иҷро гардидааст ва ин 496 миллион сомонӣ аз нақшаи солона зиёд аст. Тавре зикр гардид, ҳоло Тоҷикистон бо зиёда аз 100 кишвари ҷаҳон робитаҳои тиҷоратӣ дорад ва ҳаҷми савдои хориҷӣ дар соли 2013 беш аз 5 миллиарду 301 миллион доллари амрикоиро ташкил додааст.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни ҳисоботи раиси Бонки миллии Тоҷикистон Абдуҷаббор Ширинов аз хароҷоти зиёд ва ғайриҳадафмандонаи дохилии ин бонк ва ҳамчунин нокифоя будани фаъолияти он барои ҷалби маблағҳои инвеститсионӣ ва дастгирии соҳибкории хусусӣ изҳори нигаронӣ карда, барои ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта ба роҳбарияти бонк супоришҳои мушаххас дод.

Аз камбудиҳои ҷиддӣ дар фаъолияти Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон «Амонатбонк» ва бонкҳои саҳомии ҷумҳурӣ низ изҳори нигаронӣ шуд. Таъкид гардид, ки фаъолияти хуб ва ба меъёрҳои ҷаҳонӣ мутобиқи бонкҳо аз ҷумлаи омилҳои муҳими рушди иқтисодиёт ба шумор меравад.

Сипас вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонов ҳисобот дода, иттилоъ дод, ки ифтитоҳи Маркази барқу гармидиҳии рақами дуи шаҳри Душанбе ва ба кор даромадани Маркази нави барқтақсимкунандаи 220 киловолтаи Неругоҳи барқи обии «Норак» аз ҷумлаи намоёнтарин натиҷаҳои фаъолият дар соҳаи энергетикаи кишвар дар соли 2013 мебошад. Зикр гардид, ки ҳоло корҳо барои сохтмон ва васли таҷҳизоти Маркази нави барқтақсимкунандаи 500 киловолтаи Неругоҳи барқи обии «Норак», навсозии неругоҳҳои барқи обии «Қайроққум», «Бойғозӣ», «Сарбанд» ва кашидани хатҳои нави интиқоли неруи барқ бомаром идома дорад. Дар ин соҳа 7 лоиҳаи сармоягузории хориҷӣ мавриди татбиқ қарор дорад, ки маблағи умумии онҳо баробар ба зиёда аз 600 миллион доллари амрикоӣ мебошад.

-Тоҷикистон дар солҳои истиқлолияти давлатии худ барои истеҳсоли 1000 мегаватт/соат неруи барқ иқтидорҳои нав бунёд намуд. Бо вуҷуди ин,  мушкили норасоии неруи барқ дар фасли зимистон бартараф нагардидааст — таъкид дошт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.

Аз ин хотир, ба роҳбарияти Вазорати энергетика ва захираҳои об ва дигар шахсони масъул дастур дода шуд, ки барои бартараф намудани ин ҳолат чораҳои муассир андешида, амалӣ намоянд. Аз ҷумла таъкид гардид, ки барои то 400 мегаватт/соат афзун намудани иқтидори Маркази барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе, бунёди дигар марказҳои барқу гармидиҳии бо ангишт фаъолияткунанда, неругоҳҳои хурду миёнаиқтидори барқи обӣ, аз ҷумла неругоҳҳои барқи обии «Себзор»-у «Санобод» дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон тадбирҳо амалӣ карда шаванд.

Вазири саноат ва технологияҳои нав Шавкат Бобоев зимни ҳисобот, аз ҷумла иттилоъ дод, ки дар соли 2013-ум 322 корхонаи нави саноатӣ бо 9632 ҷойи корӣ сохта, ба кор дароварда шуд. Тибқи маълумоти ӯ, истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ҷумҳурӣ ва содироти он ба хориҷи кишвар сол ба сол афзоиш меёбад. Соли 2013 ба андозаи 1 миллиарду 70 миллион сомонӣ маҳсулоти саноатӣ ба хориҷи кишвар содир гардидааст.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба масъулини соҳа барои ҷалби ҳар чӣ бештари сармояи дохилию хориҷӣ, бунёди корхонаҳои нави саноатӣ ва муҳайёсозии ҳазорҳо ҷойҳои корӣ супоришҳои мушаххас дод.

Вазири нақлиёт Хайрулло Асоев дар ҳисобот ба масоили расидан ба ҳадафи стратегии давлат оид ба раҳоии Тоҷикистон аз бунбасти коммуникатсионӣ таваҷҷуҳи асосӣ зоҳир намуд. Тавре зикр гардид, корҳо барои сохтмони роҳҳои мошингарди магистралӣ бо пулҳои хурду бузург дар ҳама гӯшаю канори ҷумҳурӣ муташаккилона идома дорад. Дар ин соҳа бо харҷи 1 миллиарду 156 миллион доллари амрикоӣ маблағҳои дохилию хориҷӣ лоиҳаҳои зиёд амалӣ мегарданд. Аз иштироки соҳибкорони ватанӣ ва аҳолии саховатпеша дар навсозии роҳҳои маҳаллӣ низ изҳори хушнудӣ  карда шуд.

Зимни ҳисоботи вазири кишоварзӣ Қосим Қосимов, аз ҷумла иттилоъ дода шуд, ки соли 2013 дар ҷумҳурӣ наздики як миллион тонна ғалладона истеҳсол гардид. Бо хушнудӣ иттилоъ дода шуд, ки супориши Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон доир ба расонидани истеҳсоли солонаи картошка ба як миллион тонна бори аввал иҷро гардид. Дар соли 2013-ум 1 миллиону 115 ҳазор тонна картошка истеҳсол шуд. Нақшаю барномаҳои бунёди боғу токзори нав ва барқарорсозии боғоти куҳна ҳам бонизом иҷро мегарданд. Бахшҳои чорводорӣ, паррандапарварӣ ва моҳипарварӣ низ сол ба сол ба марҳилаи рушди босубот ворид мешаванд.

Дар маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин вазири маориф ва илм Нуриддин Саидов, Президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимов, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Сумангул Тағоева, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Нусратулло Салимов, Прокурори генералӣ Шерхон Салимзода, директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия Абдуфаттоҳи Ғоиб ҳисобот доданд.

Дар ҳисоботи Прокурори генералӣ ва директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, ба афзоиши нисбии ҷинояту ҷинояткорӣ, ки солҳои охир ба назар мерасад, таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид. Бахусус аз ҷиноятҳои коррупсионӣ ва гароидани баъзе ҷавонону наврасони тоҷик ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнуъи ифротию террористӣ изҳори нигаронӣ шуд.

Сипас ҳисоботи раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Махфират Хидирова, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Маликшо Неъматов, раиси Кумитаи оид бо корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳим Холиқов шунида шуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни ҳисоботи раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Шодихон Ҷамшедов ба ободонии шаҳру ноҳияҳои вилоят, навсозии роҳҳои маҳаллӣ ва шабакаи обу корези шаҳри Хоруғ, бунёди биноҳои нави бисёрошёна, маҳалҳои нави аҳолинишин ва дигар масоили мубрам таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, барои бартарафсозии камбудиҳои ҷойдошта ба роҳбарияти вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он супоришҳои мушаххас дод.

Дастуру ҳидоятҳои мушаххас доир ба ривоҷ додани ободонию созандагӣ, бунёди корхонаҳои нави истеҳсолӣ, муҳайёсозии ҷойҳои нави корӣ ва баланд бардоштани фарҳанги шаҳрдорию ватандорӣ, ҳамчунин зимни ҳисоботи раиси вилояти Хатлон Давлатшо Гулмаҳмадов, раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ва раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев дода шуд.

Дар охири маҷлис Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуда, нишондодҳои рушди иҷтимоию иқтисодии кишварро дар соли 2013 мавриди таҳлилу баррасии амиқ қарор дода, вазифаҳои ояндаро мушаххас намуд.

www.president.tj