Машварати корӣ

№52 (3037) 29.04.2013

IMG_7135

Нимаи дуюми рӯзи 26 апрели соли 2013 таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар Эмомалӣ Раҳмон машварати корӣ доир ба баррасии вазъи иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ дар семоҳаи аввали соли равон ва вазифаҳои оянда баргузор гардид.

Дар машварати корӣ доир ба мавзуи асосии он нахуст ахбори вазири рушди иқтисод ва савдо Шариф Раҳимзода шунида шуд. Тавре зикр гардид, Маҷмуи Маҳсулоти Дохилӣ дар ин муҳлат ба 6,7 миллиард сомонӣ расида, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7,3 фоиз афзудааст. Даромади воқеии аҳолӣ 19,8 фоиз афзун гардидааст.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз фаъолияти нокифояи минтақаҳои озоди иқтисодӣ изҳори норозигӣ карда, доир ба ҷоннок намудани кори онҳо супоришҳои мушаххас дод. Тавре зикр гардид, то андозае корҳои ибратбахш танҳо дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд ба назар мерасад.

Зимни ахбори вазири молия Сафаралӣ Наҷмуддинов иттилоъ дода шуд, ки нақшаи даромадҳо ба буҷети давлатӣ 101,6 фоиз иҷро шуда, ба он 2,5 миллиард сомонӣ ворид гардидааст. Ин маблағ нисбат ба нақша 40 миллион ва нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 550 миллион сомонӣ зиёд аст. Ғайр аз ин, дар се моҳи аввали соли равон панҷ созишномаи қарзию грантӣ бо маблағи умумии 360 миллион сомонӣ ба имзо расида, лоиҳаи шаш созишномаи дигар бо маблағи 500 миллион сомонӣ дар арафаи ба имзо расидан қарор дорад.

Дар ахбори вазири энергетика ва саноат Гул Шералӣ, аз ҷумла зикр гардид, ки маҷмуи маҳсулоти саноатӣ дар се моҳ қариб ба 2 миллиарду 300 миллион сомонӣ расид. Дар муҳлати ҳисоботӣ дар ҷумҳурӣ 79 корхонаи саноатӣ бо 1340 ҷойи корӣ ба кор даромад.

IMG_7157

Ба роҳбарони тамоми шаҳру ноҳияҳо дастур дода шуд, ки дӯхти либоси мактабӣ пурра дар дохили ҷумҳурӣ ба роҳ монда шавад ва таъкид гардид, ки дар ин сурат, бо ҳисоби камтарин, беш аз 250 миллион доллари амрикоӣ, ки ба воридоти ин маҳсулот аз хориҷи кишвар равона мегардад, дар дохил аз худ карда мешавад. Супоришҳои мушаххаси дигар ҳамчунин доир ба бунёди корхонаҳои коркарди ашёи хоми ватанӣ, аз ҷумла меваю сабзавот, пӯст, пашм, пахта, алюминийи аввалия, металҳо ва сангҳои қиматбаҳо ва муҳайёсозии ҷойҳои нави корӣ дода шуд.

Роҳбарияти ШСХК «Барқи Тоҷик» вазифадор карда шуд, ки барои коҳиш додани талафоти техникӣ ва таъмини ҷамъоварии маблағи истифодаи неруи барқ чораҳои муассир андешанд.

Вазири кишоварзӣ Қосим Қосимов гузориш дод, ки зимни кишти тирамоҳӣ ҷамъ дар 320 ҳазор гектар ғалладона кишт шудааст ва 133 ҳазори он заминҳои обӣ аст. Кишти пахта бошад, ба андозаи 76 фоиз иҷро шуда, барои ба 1 миллион тонна расондани ҳосили картошка замина муҳайё гардидааст. Тавре зикр гардид, беҳшавии нишондодҳо ҳамчунин дар кишти дигар зироатҳо ва дар бахшҳои боғу токпарварӣ, чорводорӣ ва паррандапарварӣ ба назар мерасад.

Доир ба нишондодҳои рушд, ҳамчунин муовини Сарвазири кишвар Муродалӣ Алимардон, вазири мелиоратсия ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмат Бобокалонов, раиси вилояти Хатлон Ғайбулло Авзал, раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Қодири Қосим, раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев ва раисони шаҳру ноҳияҳои дигар гузориш доданд.

Ба роҳбарони сохторҳои қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқу тартибот доир ба таъмини амнияти миллӣ, тартиботи ҳуқуқию ҷамъиятӣ, волоияти қонун ва тақвияти омодагии ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ супоришҳои мушаххас дода шуд.

Дар охири машварат Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуда, ба роҳбарони мақомоти ҷумҳуриявию маҳаллӣ, пеш аз ҳама, доир ба татбиқи амалии нуктаҳои дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ баёнгардида супоришҳои мушаххас дод.

Дастуру ҳидоятҳо ҳамчунин доир ба вусъат додани кишти баҳории зироатҳо, омодагӣ ба кишти такрорӣ, рӯёндани ду ва зиёда ҳосил аз заминҳои обӣ, бо истифода аз тухмиҳои беҳтарин ва дастовардҳои пешқадами илмӣ афзун намудани ҳосилнокии зироатҳо ва омодагии ҷиддӣ ба зимистони оянда дода шуд. Таъкид гардид, ки таваҷҷуҳи ҷиддӣ ба омодасозии шабакаҳои нақлиётию энергетикӣ зоҳир карда шавад. Дастур дода шуд, ки Маркази барқу гармидиҳии шаҳри Душанберо барои қабули гармӣ аз Маркази нави барқу гармидиҳӣ, ки тирамоҳи имсол навбати аввалаш бо иқтидори 50 мегаватт бояд ба кор дароварда шавад, омода созанд.

www.prezident.tj