Машварати корӣ

№12(3649) 04.02.2017

Сеюми феврали соли 2017 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки Раиси шаҳри Душанбе, роҳбарони сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот машварати корӣ доир карданд

Таваҷҷуҳи асосӣ ба вазъи боду ҳавои кишвар, бахусус боришоти шадиду беисти рӯзҳои охир равона гардид. Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба боришоти рӯзҳои охир ба масъулини сох­торҳои дахлдор, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ супориш доданд, ки баҳри пешгирии ҳолатҳои фавқулода ва бартарафсозии оқибати офатҳои табиӣ аз имкониятҳо истифода бурда, амнияти соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар ва шаҳрвандонро таъмин намоянд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, доир ба вусъати корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ, таъмини амнияти роҳҳо ва нақлиёти заминӣ дастурҳои мушаххас доданд.

Ба роҳбарияти сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот супориш дода шуд, ки барои таъмини амнияти ҷомеа, мубориза бо коррупсия, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар ҷинояту қонуншиканиҳо чораҷӯйӣ намоянд.

www.president.tj