Машварати кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

№134(3435) 09.10.2015

Машварати кори-1

Шашуми октябри соли 2015 Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки аъзои Ҳукумати ҷумҳурӣ,  Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,  роҳбарони сохторҳои қудратию мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва идораву муассисаҳои назди Ҳукумат ва ҳамчунин дигар шахсони масъул машварати корӣ доир намуд.

Дар машварати корӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон масоили вобаста ба омодагӣ ба тирамоҳу зимистони солҳои 2015 — 2016, назорати хароҷоти буҷет ва сарфаю сариштакорӣ дар истифодаи мошинҳои хизматӣ ва сӯзишворӣ, тезонидани суръати ҷамъоварии ҳосили заҳмати кишоварзон, омодагӣ ба киштукори тирамоҳӣ ва ба Форуми байналмилалии соҳибкорӣ, рафти даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ва тақвияти корҳои тарғиботӣ бар зидди терроризму ифротгаройиро таҳлилу баррасӣ намуда, дар назди масъулин вазифаҳои мушаххас гузошт. ӯ

Зимни баррасии масоили омодагӣ ба зимистон ба масъалаи таъмини муназзами мардум ва корхонаю муассисаҳо бо неруи барқ таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид.

Дар робита ба ҷамъоварии ҳосил ва омодагӣ ба кишти тирамоҳӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз ҳосили фаровони рӯёндаи деҳқонону боғпарварони кишвар ёдовар шуда, таъкид дошт, ки барои сари вақт ва беталаф ҷамъ овардани он ба аҳли деҳот ҳамаҷониба мусоидат бояд кард.

Ба роҳбарони сохторҳои қудратию мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот дастур дода шуд, ки дар ҳамкорӣ бо фаъолони ҷомеа корҳои тарғиботию ташвиқотиро барои пешгирӣ аз гароидани ҷавонони ноогоҳ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротию террористӣ ва барои даъвати онҳо ба ҳифзи оромию субот ва кору зиндагии осоиштаи мардум, ҳамчунин ба арҷгузорӣ ба дастовардҳои истиқлоли давлатӣ ва арзишҳои волои миллию фарҳангӣ пурзӯр намоянд.

Дар фароварди машварат Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба рафти бартарафсозии оқибатҳои гармо ва селу обхезӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва дигар минтақаҳои кишвар мароқ зоҳир намуда, ба ҳамаи вазорату идораҳо, сохторҳои давлатию ҷамъиятӣ, соҳибкорӣ ва шахсони алоҳида, ки дар кори барқарорсозии фаврии хонаҳои мардуми бесарпаноҳмонда ва дигар иншооти харобгардида саҳми намоён гузоштанд, арзи сипос кард.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон  ҳамчунин ба масоили омодагӣ ба ҷамъбасти натиҷаҳои соли равон ва дигар масъалаҳои ҳалталаб таваҷҷуҳ зоҳир намуда, ба масъулин супоришҳои мушаххас дод.

 www.president.tj