Машварати кории сарвари давлат

№58 (3359) 22.04.2015

IMG_9122

Субҳи рӯзи 22 апрели соли 2015 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо аъзои Шӯрои амният, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот, сохторҳои қудратӣ, роҳбарияти Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва Фармондеҳи қӯшунҳои сарҳадӣ машварати корӣ доир намуд.

IMG_9124

Дар машварат, бо дарназардошти авзои кунунии ҷомеаи ҷаҳонӣ ва махсусан вазъият дар давлати ба мо ҳамсояи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, масъалаи таъмини амнияти сарҳадот, мубориза бо терроризм, экстремизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир баррасӣ шуд.

Доир ба вазъи таъмини амнияти сарҳади миёни Тоҷикистон бо Афғонистон ва бо мақсади мустаҳкам намудани сарҳадот дастур дода шуд, ки барои баланд бардоштани омодагии ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ ва махсусан қӯшунҳои сарҳадии кишвар, дар ҳолатҳои зарурӣ аз сафи эҳтиётиёни ба ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ қарордошта ва дигар сохторҳои низомӣ истифода бурда шавад.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин аз гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир изҳори нигаронӣ карда, барои пурзӯр намудани мубориза бо он супоришҳои мушаххас дод.

Дастуру ҳидоятҳо ҳамчунин доир ба пурзӯр намудани мубориза бо коррупсия, ки аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии Тоҷикистон эълон гардидааст, дода шуд.

Ба муборизаи беамон ба тақвияти мубориза бо ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, гароиши баъзе ҷавонону наврасон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва дигар ҷинояту қонуншиканиҳо таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид.

Дар машварат инчунин рафти иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи даъвати навбатии шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ баррасӣ ва пурзӯр намудани интизоми ҳарбӣ, беҳсозии таъминоти моддию техникии сохторҳои низомӣ амри муҳим дониста шуд.

www.president.tj