Муҷассамаи Робиндранат Тагор ифтитоҳ ёфт

№95 (3396) 16.07.2015

19472984828_45c9f660d1_oСенздаҳуми июли соли 2015 дар пойтахти Тоҷикистон — шаҳри Душанбе муҷассамаи шоир, файласуф, мусиқидон ва чеҳрапардози чирадасти ҳиндӣ Робиндранат Тагор бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон Нарендра Моди расман ифтитоҳ ёфт.

Дар ин маросим Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Робиндранат Тагорро аз зумраи он бузургоне номид, ки беш аз мардумони замони хеш ба наслҳои оянда тааллуқ доранд.

«Тагор ошиқи Машриқзамин буд ва ишқу алоқаи бештаре ба сарзамини шоирхези форсизабонон ва забони форсӣ дошт. Ӯ ду маротиба барои зиёрати оромгоҳҳои классикҳои адабиёти тоҷику форс — Ҳофиз ва Фирдавсӣ азм намудааст ва ҳангоми ин сафарҳояш ҳатто худро эронӣ хондааст. Ва басо рамзист, ки ин Аллома дар оғози асри XXI пайвандгари маънавии ду кишвари дӯст — Тоҷикистону Ҳиндустон мебошад»,  тазаккур дод Эмомалӣ Раҳмон.

Маврид ба зикр аст, ки Тагор дар ин ҷаҳони нав бо дардҳо, ранҷҳо, беадолатиҳову бемориҳо ошно шуд, ҳамзамон сарвати маънавии миллати бузурги Ҳиндро шинохт ва ба тасвири чеҳраи воқеии он пардохт. Ӯ пас аз ин беҳтарин осори худро ба вуҷуд овард, достонҳои ҳаяҷонангезе нигошт ва намоишномаҳои камназирро ба риштаи таҳрир кашид.

www.presient.tj