Мубодилаи барқияҳои табрикӣ

№150 (4100) 14.12.2019

13 декабри соли 2019 миёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Амири Давлати Қатар Шайх Тамим бин Ҳамад Оли Сонӣ ба муносибати 25 — умин солгарди барқарории робитаҳои дипломатии ду кишвар мубодилаи барқияҳои табрикӣ сурат гирифт.

Дар барқияи табрикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ба унвони Амири Давлати Қатар Шайх Тамим бин Ҳамад Оли Сонӣ омадааст:

«Аълоҳазрат!

Бо камоли сарфарозӣ Шуморо ба муносибати биступанҷумин солгарди истиқрори муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Қатар самимона табрику муборакбод менамоям.

Пас аз ин рӯйдоди барои ҳар ду ҷониб мубораки таърихӣ кишварҳои мо робитаҳои байнидавлатии худро дар заминаи сифатан нав ба роҳ монда, ба эҳёи пайвандҳои чандинасра ва муносибатҳои дуҷониба ҳусни оғоз бахшиданд.

Роҳандозии муколамаи фаъоли сиёсӣ дар сатҳҳои гуногун, аз ҷумла, дар сатҳи олӣ, ҳамкориҳои барои ҷонибҳо судманд дар самтҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн, инчунин, ҳамёрии созанда дар ҳошияи созмонҳои минтақавию байналмилалӣ самараҳои ин марҳилаи дурахшони робитаҳои байнидавлатии мо мебошанд.

Бо истифода аз фурсати фараҳбахш, мехостам аҳамияти густариши минбаъдаи ҳамкориҳои судманди байни кишварҳоямонро ба манзури таъмини зиндагии осоиштаи мардумонамон муҷаддадан таъкид намоям.

Итминон дорам, ки боздиди Шумо аз Тоҷикистон дар аввалин фурсати муносиб ба ин раванд такони тоза хоҳад бахшид.

Бо ин умеди нек ба ояндаи дурахшони муносиботи гуногунҷанбаи байни кишварҳоямон аз даргоҳи Худованди мутаол ба Шумо, Аълоҳазрат, сиҳатии комилу муваффақиятҳои нав ба нав ва ба мардуми дӯсти Давлати Қатар рӯзгори ободу осоишта ва шукуфоии бардавом таманно дорам».

Дар барқияи табрикии Амири Давлати Қатар Шайх Тамим бин Ҳамад Оли Сонӣ ба унвони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин зикр гардидааст:

«Бародари азиз, Ҷаноби Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон!

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу.

Боиси хурсандии ман аст, ки ба муносибати 25 — умин солгарди истиқрори муносибатҳои дипломатӣ байни Давлати Қатар ва Ҷумҳурии Тоҷикистони бародар, ки ба 13-уми декабри соли ҷорӣ рост меояд, Шуморо, Ҷаноби Олӣ, аз номи мардуми Давлати Қатар ва шахсан аз номи худ самимона табрику таҳният мегӯям.

Мо аз муносибатҳои ду кишвар, ки ба шарофати талошҳои муштарак рушди бемайлон касб кардаанд, изҳори қаноатмандӣ намуда, азми худро ҷиҳати идомаи ҳамкорӣ бо Шумо ба хотири дастгирӣ ва таҳкими он дар самтҳои  гуногун, ки ба нафъу суди мардумони бо ҳам бародари мо хоҳад буд, таъкид менамоем.

Бо истифода аз ин фурсати муносиб ба Шумо, Ҷаноби Олӣ, саодату саломатии бардавом ва ба мардуми бародари Тоҷикистон пешрафту шукуфоии беш аз пешро орзу менамоям».

 www.president.tj