27 январи соли 2023 миёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Туркманистон муҳтарам Сердар Бердимухамедов ба муносибати 30-юмин солгарди барпо намудани робитаҳои дипломатии ду кишвар мубодилаи барқияҳои табрикӣ ба амал омад.
Дар барқияи табрикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба унвони Президенти Туркманистон муҳтарам Сердар Бердимухамедов омадааст:
«Муҳтарам Сердар Гурбангулиевич,
27 январ ба истиқрори робитаҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистон ва Туркманистон 30 сол пур мешавад.
Дар иртибот ба ин санаи хотирмон дар таърихи навтарини муносибатҳои байниҳамдигарии ду кишвар ба Шумо ва мардуми дӯсти Туркманистон табрикоти самимӣ ва таманниёти неки ин ҷонибро изҳор менамоям.
Анъанаҳои дӯстӣ, рафоқат ва ҳамкории созандаи мардумони Тоҷикистон ва Туркманистон решаҳои бисёрасра доранд.
Боиси қаноатмандист, ки робитаҳои байнидавлатии гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Туркманистон бар асоси ин пояи мустаҳкам то имрӯз риштаҳои мухталифи мавриди манфиатҳои тарафайнро фаро гирифта, ба сатҳи шарикии стратегӣ баромадаанд.
Бо истифода аз ин фурсати муносиб мехоҳам нақши муҳими муколамаи пайвастаи сатҳи олӣ ва баланди ҷонибҳоро дар пешбурди босамари ин раванд таъкид намоям.
Мо ҷонибдори идомаи талошҳои муштараки минбаъда дар ин ҷода ҳастем. Мутмаинам, ки дар рафти мулоқоту тамосҳои дарпешистодаамон мо муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои судмандамонро таҳкиму тавсеаи бештар бахшида, мазмуну мӯҳтавои онҳоро бо натиҷаҳои нави амалӣ ба нафъи кишварҳо ва мардумонамон боз ҳам ғанӣ хоҳем гардонид.
Ба Шумо сиҳатмандии бардавом ва дар фаъолияти давлатиатон комёбиҳои рӯзафзун, ба мардуми бародари Туркманистон сулҳу рифоҳ ва пешрафту шукуфоии бемайлон орзу менамоям».
Дар барқияи табрикии Президенти Туркманистон муҳтарам Сердар Бердимухамедов ба унвони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, чунин гуфта шудааст:
«Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович!
Шарафёбам аз номи мардум ва Ҳукумати Туркманистон, ҳамчунин шахсан аз номи худам ба Шумо ва тамоми мардуми бародари кишвари Шумо табрикоти самимӣ ва беҳтарин таманниётро ба муносибати 30- солагии истиқрори робитаҳои дипломатӣ миёни Туркманистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол намоям.
Тайи ин солҳо ҳамкории мо ба таври фаъол рушд ёфта, имрӯзҳо бемайлон мустаҳкам мегардад. Фаъолияти василаҳои муассири ҳамкорӣ дар соҳаҳои мухталиф роҳандозӣ шуда, заминаи мустаҳками ҳуқуқӣ фароҳам оварда шудааст, тамосҳои самарабахши байниҳукуматӣ ва байниидоравӣ сурат мегиранд.
Айни замон шарикии тиҷоративу иқтисодии Туркманистону Тоҷикистон рӯ ба густариши босуръат ниҳода, ҳамкориҳо дар соҳаҳои фарҳанг ва илму маориф тавсеа меёбанд, робитаҳои байнипарлумонӣ, ҳамчунин, фаъол гашта истодаанд.
Омодагии ин ҷонибро ҷиҳати ҳамкории минбаъда ва ба ҳам овардани талошҳои муштарак баҳри ба сатҳи сифатан нав боло бурдани муносибатҳои дуҷониба иброз менамоям. Мутмаинам, ки бо такя ба иродаи неки тағйирнопазири ҷонибҳо муколамаи байнидавлатии ба таври анъанавӣ дӯстона дар оянда низ мустаҳкам гардида, ба нафъи мардумонамон бомуваффақият рушд хоҳад ёфт.
Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович, лутфан иҷозат фармоед, ки бо истифода аз ин фурсат ба Шумо барои таваҷҷуҳи бузурги шахсиатон ба рушди шарикии Туркманистон ва Тоҷикистон изҳори сипос намуда, аз самими қалб саломатии бардавом ва дар фаъолияти сермасъули давлатиатон комёбиҳои навин ба хотири пешрафту шукуфоии мардуми бародари Ҷумҳурии Тоҷикистон орзу намоям».