Мулоқот бо ноиби раиси ширкати «Аэробус» (Airbus)

№163 (3464) 01.12.2015

12314304_932692536800933_4434263521175876488_oШоми 29 ноябри соли 2015 дар шаҳри Парижи Ҷумҳурии Франсия Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ноиби раиси ширкати «Аэробус» (Airbus) Силвер Дэлонэро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот оид ба имкони рушди ҳамкориҳои судманд дар соҳаи нақлиёт табодули андеша карда шуд.

Тавре маълум аст, ширкати франсавии «Аэробус» тайёраҳо ва чархболҳои гуногуни мусофирбар, боркаш ва ҳарбӣ истеҳсол менамояд.

www.president.tj