Мулоқот бо зиёиёни мамлакат

№40-41 (3341-3342) 20.03.2015

зиёиён

Нуздаҳуми марти соли 2015 Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар Кохи Наврӯз, чун анъанаи накуи наврӯзӣ, дар арафаи ин ҷашни фархундаи ҷаҳонишуда бо зиёиёни мамлакат мулоқоти судбахш анҷом дод.

Дар оғози мулоқот, ки дар толори бошукӯҳи Зарандуди Кохи Наврӯз баргузор гардид, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аҳли толор, кулли мардуми Тоҷикистон, ҳамватанони бурунмарзӣ ва ҳамаи онҳоеро, ки ин ҷашни байналмилалиро таҷлил менамоянд, самимона шодбош гуфт.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз оинҳои пуршарафи наврӯзӣ, ки аз қаъри ҳазорсолаҳо шебу фарози зиёдро пушти сар карда, то рӯзгори имрӯзаи мо расида ва ба манзури накуиҳои сершумораш ба мақоми ҷашни байналмилалӣ расидааст, ёдовар шуда, изҳори бовар намуд, ки зиёиёни тоҷик чун ворисони асосии Наврӯзи хуҷаста, дар тарғибу ташвиқи шоистаи он ба ҷаҳониён нақши намоён мегузоранд ва дар ин самт идомабахши таълифоти чунин абармардони илму адаби тоҷик чун Дақиқӣ, Фирдавсӣ, Берунӣ, Гардезӣ ва Умари Хайём мегарданд.

Бо зикри пайвастагии Наврӯз бо баҳори нозанин ва фаро расидани айёми киштукор изҳори бовар карда шуд, ки «мардуми мо ҳам наврӯзӣ мекунанд ва ҳам ҳар рӯзи наврӯзро ғанимат дониста, дар замину киштзорҳо ғайратмандона кору фаъолият менамоянд».

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин ба оини мадорои наврӯзӣ тамаркуз намуда, аҳли зиё ва мардуми кишварро ба поксозии қалбҳо аз кинаю кудурат, бахшиши гуноҳҳои ҳамдигар, таҳкими дӯстӣ ва ваҳдату ягонагӣ ҳидоят намуд. Дар робита ба ин, аз зиёиён ва ҳамаи аҳли эҷоди кишвар даъват карда шуд, ки дар кори пешгирӣ аз равандҳои бегонапарастӣ, хурофоту таассуб ва ифротгароию даҳшатафканӣ фаъол бошанд.

Таъкид гардид, ки меъёрҳои конститутсионии бунёди ҷомеаи демократию ҳуқуқбуёд ва дунявию иҷтимоӣ бояд аз ҷониби тамоми аҳли ҷомеа ва пеш аз ҳама аз зиёиёни эҷодкор мавриди пуштибонӣ ва тарғибу ташвиқ қарор дошта бошад. Ҳамчунин таъкид гардид, ки дар татбиқи талаботи сиёсати иҷтимоию фарҳангии давлати Тоҷикистон се омили асосӣ – ҷомеа, мактаб ва оила бояд дар ҳамбастагии зич фаъол бошанд, то ки насли наврасу ҷавони кишвар дар рӯҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносии миллӣ ва таҳаммулу мадоро тарбият ёбанд.

Ба хотири дуруст ба роҳ мондани фаъолияти давлатию ҷамъиятии ба ин ҳадафҳо созгор ба сохторҳои дахлдор супориш дода шуд, ки Консепсияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои давраи то соли 2050 таҳия ва пешниҳод намоянд. Таъкид гардид, ки ин консепсия бояд самтҳои асосии таҳкими давлатдории навини Тоҷикистонро барои даҳсолаҳои оянда дар бар гирифта, манфиатҳои милливу давлатӣ, эҳтироми фарҳанг, арҷгузорӣ ба ҳуқуқу озодиҳои инсон, арзишҳои демократӣ, дину ойин ва гиромӣ доштани арзишҳои милливу умумибашариро таҷассум намояд.

Аз адибону рӯзноманигорон ва дигар намояндагони аҳли эҷод даъват карда шуд, ки оид ба мавзӯъҳои сохтмони иншооти бузургу тақдирсози кишвар ва умуман, раванди ободкориву созандагӣ мақолаю очеркҳои ибратбахш, асарҳои бадеӣ, кинофилмҳо, барномаҳои телевизионӣ ва дигар маводи расонаӣ омода намуда, дар тарғиби фарҳанги бунёдкорӣ саҳми намоён гузоранд.

Дар охир Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бори дигар аҳли зиё ва мардуми кишварро бо Наврӯзи хуҷастаю баҳори нозанин табрику таҳният гуфта, изҳори бовар намуд, ки минбаъд низ мо дар бунёди ҷомеаи пешрафтаю мутамаддини Тоҷикистон якҷояву ҳамбаста комёбу муваффақ хоҳем буд.

Сипас, маҳфили пурсишу посух ва андешарониҳои аҳли зиё баргузор шуд.

Шоира Гулрухсор Сафиева аз ҳамбастагии зичи шеъру адаби тоҷик ва Наврӯзи бостонӣ ёдовар шуда, пешниҳод намуд, ки ҳар сол дар Тоҷикистон базми шеъри Наврӯзи байналмилалӣ барпо карда шавад.

Сипас, омӯзгор ва рӯзноманигори ҷавон аз ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон Насима Қосимова, олими ҷавони Академияи илмҳои Тоҷикистон Дилшод Муллоев, ҳунарпешаи ҷавони Муассисаи давлатии «Театри академӣ-драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ» Шуҷоат Ҷамолиддинов, шоираи ҷавон Шаҳодат Ҷалолова, магистри соли дувуми Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Мавҷуда Имомназарова ва директори Киностудияи давлатии «Тоҷикфилм» Носир Саидов изҳори андеша карданд.

www.president.tj