Қаноатмандии Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳи ҳамкориҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва тартиботи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон

№60 (3206) 07.06.2014

IMG_1291

Панҷуми июни соли равон Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Зирор Аҳмад Усмониро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили вобаста ба муносиботи дӯстию ҳамсоягӣ ва ҳамкории гуногунҷанба баррасӣ шуд.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки даври дуюми интихоботи президентӣ дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар фазои мусоид ҷараён гирифта, боиси таҳкими бештари амну суботи сиёсӣ ва рушди иҷтимоию иқтисодӣ мегардад.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳори умедворӣ намуд, ки «пас аз интихоб шудан ва ба иҷрои вазифаҳо шурӯъ намудани Президенти нави Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар раванди равобити дуҷониба идомат комилан боқӣ монда, муносибатҳои ҳусни ҳамсоягӣ, дӯстӣ ва ҳамкорӣ миёни ду кишвари мо боз ҳам густариш ва таҳким хоҳанд ёфт».

Аз судманд будани ҳамкорӣ миёни сохторҳои қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқу тартиботи ду кишвар дар мубориза бо хатарҳои терроризму ифротгароӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

Таваҷҷуҳи зиёд ба густариши ҳамкорӣ дар бахшҳои иқтисоду савдо, энергетика ва нақлиёту роҳсозӣ зоҳир гардид.

Аз фаъолияти босамари хатти барқии 220-киловолтаи Сангтӯда-Пули Хумрӣ изҳори хушӣ намуда, ҳар ду ҷониб таъкид бар он доштанд, ки барои татбиқи босамари Лоиҳаи сохтмони хатти барқии 500-киловолтаи CASA-1000 низ дар ҳамоҳангӣ ҷаҳду талош бояд кард.

Ҳамкорӣ доир ба сохтмони босуръат ва босифати роҳи оҳани Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон, кашидани лулаи газ аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва татбиқи босамари дигар лоиҳаҳои минтақавии зербиноӣ зарур шумурда шуд.

Гуфтугӯйи судманд, ҳамчунин доир ба дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳ сурат гирифт.

www.president.tj