Баҳогузории иқтисодӣ ва иҷтимоию экологии НБО-и «Роғун» моҳи август тасдиқ хоҳад шуд

№58 (3204) 03.06.2014

Бегоҳии рӯзи 30 майи соли равон Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Директори минтақавии Бонки Умумиҷаҳонӣ оид ба Осиёи Марказӣ Сароҷ Кумар Ҷаро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистон бо ин муассисаи бонуфузи молиявии байналмилалӣ, дастгирии рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон, коҳиш додани таъсири манфии буҳрони иқтисодию молиявии ҷаҳонӣ ба иқтисодиёти кишвар ва масоили вобаста ба ҳисоботи корҳои тадқиқотиву баҳодиҳии лоиҳаи Неругоҳи барқи обии «Роғун» баррасӣ шуд.

Сароҷ Кумар Ҷа иттилоъ дод, ки лоиҳаи ҳисобот доир ба баҳогузории иқтисодӣ ва иҷтимоию экологии лоиҳаи сохтмони НБО-и «Роғун» моҳи июн нашр карда мешавад ва моҳи июл дар вохӯрӣ бо намояндагони кишварҳои соҳили рӯди Ому мавриди муҳокима қарор мегирад. Ҳисоботи ниҳоӣ бошад, тибқи иттилои ӯ, пас аз омӯзиши афкори мардуми минтақа моҳи августи соли равон тасдиқ хоҳад шуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти Бонки Умумиҷаҳонӣ барои дастгирии пайваста аз рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон арзи сипос карда, ҳамзамон изҳори боварӣ намуд, ки мавқеи ин ниҳоди муътамади байналмилалӣ дар омӯзиши ҳамаҷонибаи лоиҳаи Неругоҳи барқи обии «Роғун» то охир воқеъбинона ва мустақил боқӣ мемонад.

Гуфтугӯйи судманд, ҳамчунин доир ба татбиқи лоиҳаи хатти барқии CASA-1000, роҳи оҳани Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон ва дигар лоиҳаҳои дорои аҳамияти минтақавӣ сурат гирифт.

www.president.tj