Мулоқот бо директори генералии Департаменти Осиёи Марказӣ ва Ғарбии Бонки Осиёии Рушд Клаус Герхаусер

№150 (3135) 28.11.2013

1410748_567393206664203_1649900065_o

27 ноябри соли 2013 Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон директори генералии Департаменти Осиёи Марказӣ ва Ғарбии Бонки Осиёии Рушд Клаус Герхаусерро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили ҳамкории судбахши дуҷониба баррасӣ шуд.

Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки тайи солҳои ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки Осиёии Рушд ин муассиса ба кишвари мо дар ҳаҷми беш аз як миллиард доллари амрикоӣ қарзҳои имтиёзнок, грантҳо ва кӯмаки техникӣ пешниҳод намудааст. Ҳоло лоиҳаҳои зиёди дигар ба маблағи зиёда аз 650 миллион доллари амрикоӣ дар бахшҳои афзалиятноки муайяннамудаи Ҳукумати кишвар, пеш аз ҳама энергетика, нақлиёт ва молияи давлатӣ, мавриди татбиқ қарор доранд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти Бонки Осиёии Рушд барои дастгирии пайвастаи рушди иқтисоди Тоҷикистон, аз ҷумла барои дастгирии таҳияи лоиҳаи «Сохтмони роҳи оҳани Тоҷикистон – Афғонистон — Туркманистон» арзи сипос кард. Изҳори боварӣ карда шуд, ки бонки мазкур ҳамчунин дар маблағгузории сохтмони қисмати тоҷикистонии ин роҳ ширкат хоҳад дошт.

Ҳар ду ҷониб изҳори ҳамфикрӣ карданд, ки имкониятҳои истифоданашуда дар ҳамкории Тоҷикистону Бонки Осиёии Рушд ҳанӯз зиёд аст.

Гуфтугӯйи судбахш атрофи барномаи дар ҳоли таҳияи ҳамкории дуҷониба барои солҳои 2014-2016 сурат гирифт. Таъкид гардид, ки дар ин барнома ба беҳтар намудани шабакаи роҳҳои нақлиётӣ, амнияти энергетикӣ, сохтмони иқтидорҳои истеҳсолкунанда ва хатҳои интиқоли барқ, рушди бахши хусусӣ бояд афзалият дода шавад.

www.president.tj