Мулоқот бо раиси Кумитаи иҷроия — дабири иҷроии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил

№31 (3332) 05.03.2015

12

Нимаи дуюми рӯзи дуюми марти соли 2015  Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон раиси Кумитаи иҷроия-дабири иҷроии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) Сергей Лебедевро, ки ба ҳайси роҳбари гурӯҳи нозирони кишварҳои аъзои ин Иттиҳод барои назорат аз болои интихоботи парлумонӣ дар Тоҷикистон қарор дорад, ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили вобаста ба рафти омодагӣ ва баргузории интихоботи парлумонии Тоҷикистон, ки рӯзи 1-уми март доир гардид, баррасӣ шуд. Сергей Лебедев аз мушоҳидаҳои нозирони ИДМ дар ҷараёни омодагӣ ва баргузории интихоботи парлумонии Тоҷикистон иттилоъ дода, аз ҷумла зикр намуд, ки аз нуҳ кишвари Иттиҳод 257 нозир дар ин гурӯҳ қарор доранд ва онҳо дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар ҳузур доштанд.

Роҳбари гурӯҳи нозирони ИДМ бори дигар таъкид дошт, ки интихобот дар фазои демократӣ, шаффоф ва мутобиқ ба талаботи қонунгузории Тоҷикистон ҷараён гирифт.

Гуфтугӯйи судманд ҳамчунин доир ба масоили вобаста ба ҳамкориҳои дигари кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва нақши Тоҷикистон дар ин Иттиҳод сурат гирифт.

www.president.tj