Мулоқот бо Валентина Матвиенко

№25 (3171) 14.03.2014

матиенко1

13 марти соли 2014 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия Валентина Матвиенкоро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Россия баррасӣ шуд.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо қаноатмандӣ аз ҷумла чунин зикр намуд: «Заминаи қарордодию ҳуқуқии муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории судманди ду кишвар бар зиёда аз 240 санад асос ёфтааст».

Гуфтугӯйи судманд доир ба ҳамгироии сиёсӣ, ҳарбию амниятӣ, иқтисодию тиҷоратӣ ва дурнамои рушди ҳамгироиҳои фарҳангию гуманитарӣ сурат гирифт.

Дар навбати худ Валентина Матвиенко чунин иброз дошт: «Мо ба ҷониби Тоҷикистон, хусусан ба Сарвари он, барои дастгирии ҳамаҷонибаи забони русӣ, дастгирии давлатии ҷараёни паҳншавӣ ва истифодаи он изҳори миннатдорӣ менамоем».

Ба нақши Форуми байнипарламентии «Тоҷикистон-Россия: неруи ҳамкориҳои байниминтақавӣ» доир ба ташкил ва густариши робитаҳои мустақими миёни минтақаҳои алоҳидаи ду кишвар баҳои баланд дода шуд. Таъкид гардид, ки ҳоло қариб 80 минтақаи Россия бо минтақаҳои алоҳидаи Тоҷикистон робитаҳои бевоситаи ҳамкорӣ доранд.

Ҳамзамон таъкид гардид, ки барои рушди бештари ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ имконоти истифоданашуда хеле зиёданд.

Табодули назар, ҳамчунин доир ба авзои минтақа ва ҷаҳон сурат гирифт.

Ҳар ду ҷониб ҳавасмандии устувори худро ба рушди муносиботи шарикии стратегии Тоҷикистону Россия таъкид доштанд.

www.president.tj