27 феврали соли 2014 Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон роҳбари Идораи ширкати «Интер РАО ЕЭС»-и Федератсияи Россия Борис Ковалчукро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистону Россия дар соҳаи энергетикаи барқӣ баррасӣ шуд.
Таваҷҷуҳи зиёд ба масоили вобаста ба фаъолияти Неругоҳи барқи обии «Сангтӯда-1» ва роҳҳои пардохти қарзи ШСХК «Барқи Тоҷик» дар назди ин иншооти гидроэнергетикӣ зоҳир гардид.
Гуфтугӯйи судманд, ҳамчунин доир ба дигар масоили ҳамкорӣ, аз ҷумла барои сохтмони дигар иншооти энергетикӣ дар Тоҷикистон сурат гирифт.
www. prezident.tj