Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо генерал Ҷозеф Л. Вотел

№77 (3557) 16.06.2016

DSC_769915 июни соли 2016 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри миллат Фармондеҳи фармондеҳии марказии Қувваҳои Мусаллаҳи Штатҳои Муттаҳидаи Америка генерал Ҷозеф Л. Вотелро ба ҳузур пазируфт.

 Дар мулоқот масоили ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Америка, пеш аз ҳама, дар соҳаҳои мудофиа ва амнияту суботи минтақавию байналмилалӣ баррасӣ шуд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор намуд, ки «Ҷониби Тоҷикистон ҳамкории худро бо Штатҳои Муттаҳидаи Америка дар ҷодаи амниятӣ омили муҳими таҳкими сулҳу субот дар минтақа, бахусус дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, арзёбӣ намуда, таъкид медорад, ки ин масъала дар доираи муносибатҳои дуҷонибаи кишварҳоямон ҷойгоҳи хос дорад».

Дар мулоқот ба саҳми Тоҷикистон дар мубориза бар зидди хатару таҳдидҳои ҷаҳони муосир, аз қабили терроризму экстремизми байналмилалӣ ва таъмини амнияту суботи минтақавӣ баҳои баланд дода шуд ва таъкид гардид, ки сатҳу сифати ҳамкорӣ ҷавобгӯйи манфиатҳои тарафайн буда, рушди бемайлони онҳо дар оянда барои таҳкими бештари иқтидори марзбонии Тоҷикистон дар сарҳади давлатӣ бо Афғонистон мусоидат менамояд.

Ҷонибҳо, ҳамчунин доир ба масоили дигари мавриди таваҷҷуҳ, аз ҷумла таҳкими ҳамкорӣ дар доираи Барномаи кумаки байналмилалии молиявии Штатҳои Муттаҳидаи Америка, ҳамгироии муштарак дар бунёд ва ҷиҳозонидани инфрасохтори муосири сарҳадбонии Тоҷикистон, тайёр кардани мутахассисони баландихтисоси низомӣ барои Қувваҳои Мусаллаҳ ва зиёд кардани иқтидору зарфияти воҳидҳои амниятию зиддитеррористӣ табодули афкор намуданд.

 

www.president.tj