Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Венкай Жанг

№121 (3601) 24.09.2016

29221519404_46b9a80953_o 22 сентябри соли 2016 дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ноиби Президенти Бонки Осиёии Рушд Венкай Жангро ба ҳузур пазируфтанд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз дастгирии бонки мазкур дар соҳаҳои энергетика, инфрасохтор, Буҷети давлатӣ, соҳаҳои иҷтимоӣ, рушди бахши хусусӣ ва дигар соҳаҳои афзалиятнок изҳори қаноатмандӣ карда, таъкид доштанд, ки солҳои ҳамкорӣ бонк тақрибан 1,5 миллиард доллар ба бахшҳои мухталифи иқтисодию иҷтимоии Тоҷикистон маблағгузорӣ намуд ва лоиҳаҳои фаъоли он ба маблағи зиёда аз 785 миллион доллар дар соҳаҳои гуногун амалӣ шуда истодааст.

Ҷонибҳо зимни мулоқот вобаста ба имкониятҳои истифоданашудаи ҳамкорӣ дар беҳтарсозии таъмини энергетикиву инфрасохтори нақлиётӣ ва рушди бахши хусусӣ, беҳтар гардонидани фазои сармоягузорӣ, тақвияти ҳамкориҳои минтақавӣ, тағйирёбии иқлим ва бехатарии озуқаворӣ гуфтугӯйи судманд анҷом доданд.

Вобаста ба вазъи иқтисодиву иҷтимоии Тоҷикистон ва таъсири буҳрони иқтисодиву молиявии ҷаҳонӣ пешниҳод гардид, ки ҳаҷми маблағгузорӣ дар намуди маблағҳои имтиёзноки грантӣ аз ҷониби бонк мавриди баррасӣ қарор дода шавад. Чунин як пешниҳоди судманди дигар дар робита ба таҷдиду барқарорсозии Неругоҳи барқи обии «Норак», инчунин ворид кардани Лоиҳаи таҷдиди роҳи автомобилгарди Қӯрғонтеппа-Данғара-Кӯлоб ва Лоиҳаи таҷдиди роҳи автомобилгарди Ваҳдат-Ҷиргатол-Қарамиқ дар соли 2017 ба Нақшаи индикативии маблағгузории бонк барои солҳои 2016-2018 ба миён гузошта шуд.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки лоиҳаҳои дигари пешниҳодшуда низ мавриди дастгирӣ қарор гирифта, тадриҷан дар амал татбиқ мешаванд.

www.president.tj