28-29 марти соли 2013 Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Ҷаласаи 11-уми вазирони корҳои хориҷии кишварҳои иштирокдори Муколамаи ҳамкории Осиё як қатор иштирокдорони воломақоми ҷаласаро ба ҳузур пазируфт.
Аз ҷумла зимни вохӯрӣ бо вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қирғизистон Эрлан Абдилдаев масоили ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи ду кишвар баррасӣ шуд.
Эрлан Абдилдаев ба Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ду нома аз Президенти Қирғизистон Алмазбек Атамбаев тақдим намуд. Тавре зикр гардид, бо ин номаҳо Сарвари давлати Тоҷикистон ба Қирғизистон барои анҷом додани сафари расмӣ ва ҳам барои иштирок дар ҳамоиши навбатии сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай даъват карда мешавад.
Эмомалӣ Раҳмон даъвати ҳамтои қирғизи худро пазируфта, ҳавасмандии Тоҷикистонро «ба рушди муносиботи босуботи дарозмуддат бо Қирғизистон» таъкид намуд. Ҳамчунин таъкид гардид, ки «густариши робитаҳо бо Қирғизистони ҳамсоя аз самтҳои муҳими сиёсати хориҷии Тоҷикистон аст».
Зикр гардид, ки барои дар сатҳи матлуб доир намудани ҷаласаи Шӯрои байнидавлатии Тоҷикистону Қирғизистон то замони ин сафар омодагии ҷиддӣ бояд дид.
Атрофи татбиқи лоиҳаи CASSA-1000 (кашидани хатти 500-киловолтаи интиқоли неруи барқ аз Тоҷикистону Қирғизистон ба Афғонистону Покистон) ва дигар мавзуъҳои мавриди таваҷҷуҳи ду давлат гуфтугӯйи созанда сурат гирифт.
Изҳори боварӣ карда шуд, ки зимни сафари расмии Президенти Тоҷикистон ба Қирғизистон ба рушди минбаъдаи муносиботи ду кишвар такони ҷиддӣ бахшида мешавад.
***
Зимни вохӯрӣ бо муовини парлумонии вазири корҳои хориҷии Япония Минору Куичи масоили ҳамкории Тоҷикистон бо ин кишвари рушдёфтаи ҷаҳон баррасӣ шуд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон «ҳавасмандии самимии Тоҷикистонро ба таҳким ва густариши ҳамкории дарозмуддати гуногунҷанба бо Япония» таъкид дошт.
Аз дастгириҳои беғаразонаи Япония дар самти рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон, ки тавассути сармоягузории лоиҳаҳо дар бахшҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа сурат мегирад, изҳори қаноатмандӣ карда шуд. Аз ҷумла зикр гардид, ки танҳо аз ҷониби Агентии Япония доир ба ҳамкории байналмилалӣ ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 300 миллион доллари амрикоӣ грант ва кӯмакҳои техникӣ ҷудо гардидааст.
Тавре зикр гардид, дар ҳошияи ҳамоиши вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Муколамаи ҳамкории Осиё доир ба ҳамкорӣ боз ду санади нав оид ба кӯмаки техникии Япония ба бахшҳои роҳсозӣ ва тандурустии Тоҷикистон ба имзо мерасад.
Гуфтугӯйи судманд ҳамчунин доир ба иштирок дар татбиқи лоиҳаҳои сершумори минтақавӣ, ки ҳамзамон ба рушди Афғонистон нигаронда шудаанд ва дигар мавзуъҳои мавриди таваҷҷуҳ сурат гирифт.
***
Зимни вохӯрӣ бо муовини аввали вазири корҳои хориҷии Мамлакати Арабистони Саудӣ Шоҳзода Абдулазиз ибни Абдуллоҳ оли Сауд масоили густариши ҳамкорӣ бо ин кишвари соҳибнуфузи олами ислом баррасӣ шуд.
-Тоҷикистон ба густариш ва таҳкими муносибатҳои дӯстона бо Мамлакати Арабистони Саудӣ аҳамияти хоса медиҳад ва қаноатмандем, ки равобити сиёсии мо, аз ҷумла дар сатҳи олӣ, бар асоси эътимод, ҳусни ният ва созандагӣ сурат мегирад, -изҳор дошт Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва афзуд, ки: «мо инро хеле арзишманд медонем».
Гуфтугӯйи созанда доир ба робитаҳои сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ ва фарҳангӣ сурат гирифт.
Зарурати татбиқи амалии санадҳои қарордодию ҳуқуқии мавҷуда, фаъолияти бештари комиссияи муштараки байниҳукуматии ду кишвар ва тавофуқоти муҳиме, ки зимни форуми дуюми соҳибкорони Тоҷикистону Арабистони Саудӣ моҳи июни соли 2011 дар шаҳри Душанбе ба даст омада буд, таъкид гардид.
Ҳамчунин доир ба густариши ҳамкорӣ дар чаҳорчӯбаи Созмони Ҳамкории Исломӣ ва дигар созмонҳо табодули назар карда шуд.
***
Зимни мулоқот бо вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон Алӣ Акбари Солеҳӣ масоили ҳамкории бисёрпаҳлуи ду кишвари ҳамзабону ҳамфарҳанг баррасӣ шуд.
Таваҷҷуҳи зиёд ба омодагӣ ба сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод ба Тоҷикистон ва роҳҳои татбиқи амалии тавофуқоти муҳим доир ба анҷоми пурраи бунёди Неругоҳи барқи обии «Сангтӯда-2» ва оғози сохтмони Неругоҳи «Айнӣ», кашидани хатти интиқоли неруи барқ, лӯлаҳои об, газ, нафт ва бунёди роҳи оҳани миёни Тоҷикистону Эрон зоҳир гардид.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо ёдоварӣ аз афзоиши пайвастаи гардиши молу маҳсулот миёни Тоҷикистону Эрон, ки ҳаҷмаш соли 2012 ба зиёда аз 217 миллион доллари амрикоӣ расид, таъкид дошт, ки: «муомилоти молии кунунии ду кишвар баёнгари имконоти мавҷудаи иқтисодию тиҷоратии онҳо нест».
Аз ин хотир, беҳсозии шароити мутақобила барои рушди ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ, аз ҷумла барои бахши хусусӣ зарур дониста шуд.
Гуфтугӯйи судманд, ҳамчунин доир ба масъалаҳои минтақавию ҷаҳонӣ сурат гирифт.
***
Дар вохӯрӣ бо собиқ Сарвазири Шоҳигарии Таиланд Таксин Шинаватра, ки яке аз муассисони Муколамаи ҳамкории Осиё мебошад, масоили ҳамкорӣ дар доираи ин созмон ва ҳам ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Таиланд баррасӣ шуд.
Аз раванди рушди ҳамкории судманди ду кишвар, ки аз замони сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Таиланд дар моҳи августи соли 2005 суръати тоза гирифта буд, изҳори қаноатмандӣ карда шуд.
Арзи боварӣ карда шуд, ки сафари ояндаи Сарвазири кунунии Таиланд хонум Йинглак Шинаватра ба ин раванд такони тоза хоҳад бахшид.
Аз номи Сарвазири Таиланд хонум Йинглак Шинаватра аз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон даъват карда шуд, ки барои иштирок дар Форуми об барои кишварҳои минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором, ки охирҳои моҳи майи соли равон баргузор мегардад, ба Таиланд ташриф барад.
Гуфтугӯйи судманд доир ба масоили байналмилалӣ ва дигар мавзуъҳои мавриди таваҷҷуҳ низ сурат гирифт.
***
Дар вохӯрӣ бо муовини Сарвазир, вазири корҳои хориҷии Давлати Кувайт, шайх Холид ал-Ҳамад оли Сабоҳ масоили ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷониба баррасӣ шуд.
-Тоҷикистон дар доираи сиёсати хориҷии «дарҳои кушода» ба рушди равобити дӯстона ва ҳамкории судовар бо кишварҳои араб, хусусан Давлати Кувайт ва дигар кишварҳои ҳавзаи Халиҷ, аҳамияти афзалиятнок медиҳад,- гуфт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.
Таваҷҷуҳи хос ба ташкил ва густариши ҳамкории судманди иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ зоҳир гардид.
Изҳори боварӣ карда шуд, ки сафарҳои қарибулвуқуи расмии роҳбарони аввали ду давлат ба кишварҳои ҳамдигар ба ин раванд ва дигар ҷанбаҳои ҳамкории Тоҷикистону Кувайт такони ҷиддӣ мебахшанд.
***
Зимни суҳбат бо вазири давлатӣ оид ба корҳои хориҷии Давлати Қатар Холид ибни Муҳаммад ал-Атия масоили ҳамкории рӯ ба рушди ду кишвари дӯст баррасӣ шуд.
-Мо ба густариш ва таҳкими муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории судманд бо Давлати Қатар аҳамияти хос медиҳем ва ҳамин гуна бардоштро аз ҷониби давлати Шумо нисбат ба Тоҷикистон пайваста эҳсос менамоем, — изҳор дошт Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон.
Таваҷҷуҳи зиёд ба масоили сохтмони масҷиди ҷомеи Душанбе ва шаҳраки манзилию тиҷоратии Диёри Душанбе, ки бо сармоягузории мустақими Қатар сурат мегирад, зоҳир гардид.
Иштироки васеи Қатар дар татбиқи лоиҳаҳои зербиноии дорои аҳамияти минтақавии Тоҷикистон, аз ҷумла доир ба сохтмони неругоҳҳои барқӣ ва хатҳои интиқоли неруи барқ, роҳҳои оҳану мошингард ва ғайра матлуб дониста шуд.
Таъкид гардид, ки оғози ҳамкории воқеӣ дар соҳаи чорводорӣ ва истеҳсоли асал, ифтитоҳи бахши фаръии Бонки тиҷоратии Қатар дар Тоҷикистон, фаъол гардонидани хатти мустақими ҳавоии байни ду кишвар ва ҷалби қувваи корӣ аз Тоҷикистон ба соҳаҳои гуногуни иқтисоди Қатар дорои суди зиёд барои ҳар ду ҷониб хоҳад буд. Ҷудо намудани бурсияҳои таҳсилӣ дар донишгоҳҳои Қатар барои донишҷӯёни тоҷик омили таҳкимбахши робитаҳои ду кишвар номида шуд.
Ҳар ду ҷониб ҳавасмандии худро ба густариши минбаъдаи ҳамкорӣ таъкид намуданд.
***
Дар мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Залмай Расул ва вазири молияи ин давлат Ҳазрат Умар Зоҳирвол масоиле, ки тайи солҳои охир ду кишвар пайгирӣ менамоянд, баррасӣ шуд.
Ҳамгиройии босамари сохторҳои марбутаи ду кишвар барои татбиқи ҳар чӣ зудтари лоиҳаҳои бузурги минтақавӣ, аз ҷумла доир ба сохтмони роҳи оҳани Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон, лоиҳаи татбиқи хати барқи CASSА-1000 ва ғайра баррасӣ шуд.
Изҳори умед карда шуд, ки барои густариши бештари ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ дар ояндаи наздик созишномаи сеҷонибаи тиҷоратию транзитии Тоҷикистону Афғонистону Покистон ба имзо мерасад.
Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки Тоҷикистон омода аст, ба Афғонистон дар омодасозии кадрҳои соҳаи роҳи оҳан ва дигар бахшҳо низ кӯмак расонад.
Гуфтугӯйи судманд ҳамчунин доир ба таҳкими ҳамкории сиёсию амниятии ду кишвар ва дигар мавзуъҳои мавриди таваҷҷуҳ сурат гирифт.
***
Дар вохӯрӣ бо муовини вазири корҳои хориҷии Индонезия Юри Октавиан Тамрин доир ба аҳамияти ҳамоиши имрӯзаи кишварҳои Муколамаи ҳамкории Осиё ва муносиботи ду кишвар суҳбати судбахш сурат гирифт.
Юри Октавиан Тамрин ба сатҳи омодагии ҳамоиш баҳои баланд дода, дар шаҳри Душанбе баргузор шудани онро нишони болоравии обруи Тоҷикистон дар минтақа ва ҷаҳон номид.
Робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Индонезия дорои дурнамои наку арзёбӣ гардид.
Ба рушди минбаъдаи муносиботи судбахши ду кишвар изҳори ҳавасмандӣ карда шуд.
***
Зимни суҳбати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо вазири давлатии корҳои хориҷии Баҳрайн Ғоним Фазлулбуайнайн омодагӣ ва ҳавасмандии ду кишвар ба ташкил ва густариши ҳамкории судбахш таъкид гардид.
***
Дар мулоқоти Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо вазири корҳои хориҷии Бангладеш хонум Наваз Дипу Монӣ масоили ба роҳ мондани робитаҳои мунтазам баррасӣ шуд.
Хонум Наваз Дипу Монӣ ба Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои ҳамдардӣ ба роҳбарият ва мардуми Бангладеш, ки ба хотири фавти роҳбари ин давлат зимни ҳамоиши имрӯза баён намуд, арзи сипосу қадрдонӣ кард.
Вазири корҳои хориҷии Бангладеш болоравии пайвастаи нуфузи минтақавӣ ва байналмилалии Тоҷикистонро намоён номида, ҳавасмандии кишварашро ба таҳким ва густариш бахшидани ҳамкорӣ бо он таъкид дошт.
***
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо вазири давлатии корҳои хориҷии давлати дигари халиҷӣ — Амороти Муттаҳидаи Араб Анвар Муҳаммад Гардаш суҳбати созанда анҷом дод.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат аз рушди босуботи ҳамкории гуногунҷанбаи ду кишвар изҳори қаноатмандӣ карда, таъкид дошт, ки барои фаъол намудани имконоти фарохи истифоданашуда минбаъд ҷаҳд бояд кард.
***
Cуҳбати пурмуҳтавои дигари Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Туркия Наҷӣ Кору сурат гирифт.
Наҷӣ Кору паёму дуруди Президенти Ҷумҳурии Туркия Абдулло Гулро ба Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон расонда, муносиботи ду кишвар ва роҳбарияти олии онҳоро «хос, наздик ва бародарона» номид.
Изҳори боварӣ карда шуд, ки минбаъд низ робитаҳои судбахши Тоҷикистону Туркия рушди бемайлон хоҳад дошт.