САРВАЗИРИ ҶУМҲУРИИ ҚИРҒИЗИСТОН ДАР ҲУЗУРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

№62 (3542) 14.05.2016

Ёздаҳуми майи соли равон дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жээнбековро, ки ҳайати Ҳукумати кишварашро дар расми оғози татбиқи лоиҳаи бунёди хатти баландшиддати интиқоли барқи CASA — 1000 роҳбарӣ мекард, ба ҳузур пазируфт.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суҳбат изҳор дошт, ки Тоҷикистон ба рушди босуботи ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Қирғизистон, ки асоси онро робитаҳои неки ҳамсоягӣ ва дӯстию ҳамҷавории бардавом ташкил медиҳанд ҳавасманд буда, барои ба сатҳи сифатан нав расондани ин ҳамкорӣ аз тамоми имконоту захираҳои мавҷуда самаранок истифода менамояд.

Зикр шуд, ки оғози татбиқи лоиҳаи бунёди хатти баландшиддати интиқоли барқи CASA — 1000 дар муносибатҳои минтақавии байнидавлатӣ, бахусус дар раванди рушди ҳамкории энергетикии Тоҷикистон ва Қирғизистон нақши созанда гузошта, барои таҳкими муносибатҳои дӯс­тона дар дигар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ заминаҳои созгор фароҳам меоварад.

Ҷонибҳо, ҳамчунин доир ба роҳҳои баланд бардоштани нишондиҳандаҳои тиҷорату савдои байнидавлатӣ, истифодаи пурраи имконоти нақлиётиву транзитии ҳар ду давлат ва иштироки фаъол дар раванди таъмини амнияту бехатарии минтақавӣ изҳори назар карданд.

Ҳавасмандии ҳар ду ҷониб, ҳамчунин доир ба рушди муносибатҳои байнидавлатӣ дар соҳаҳои гуманитарӣ баён гардида, нақши фаъоли ҳар ду давлат дар татбиқи лоиҳаҳои дигари дорои аҳамияти минтақавӣ махсус таъкид шуд.

 www.president.tj