Суҳбат бо Абдуррауф Иброҳимӣ

№30-31 (3176-3177) 28.03.2014

парлумон

Бегоҳии рӯзи 26 марти соли 2014 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси намояндагони (парлумони) Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Абдуррауф Иброҳимӣ мулоқот намуд.

Эмомалӣ Раҳмон «ҳамкории ҳамаҷониба бо Афғонистони ҳамсояро аз муҳимтарин авлавиятҳои сиёсати хориҷии Тоҷикистон» номида, рушди равобити байнипарлумонии ду кишварро басо муҳим арзёбӣ кард.

Абдуррауф Иброҳимӣ изҳор дошт, ки «роҳбарият ва мардуми Афғонистон аз дастгириҳои пайвастаи Шумо аз раванди сулҳу субот ва рушди кишвари худ қадрдонӣ мекунанд, зеро ки мо ҳамеша пуштибонии Шуморо аз манофеи сарзамини мо дар арсаи минтақа ва ҷаҳон мебинем ва эҳсос мекунем».

Таъкид гардид, ки парлумонҳои ду кишвар метавонанд дар ташвиқ ва танзими ҳамкории сиёсию амниятӣ, иқтисодию сармоягузорӣ ва бунёди шабакаҳои фаромиллии инфрасохторӣ нақши муҳим дошта бошанд.

Ҳамкории босамари байнипарлумонӣ, ҳамчунин боиси рушди равобити таърихии фарҳангӣ, адабӣ, илмӣ ва маънавии мардумони ду кишвар номида шуд.

www.president.tj