СУҲБАТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО АБДУЛЛО АБДУЛЛО

№62 (3542) 14.05.2016

Дувоздаҳуми майи соли 2016 дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси иҷроияи Ҳукумати ваҳдати миллии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Абдулло Абдуллоро, ки ҳайати ҳукумати кишварашро дар расми оғози татбиқи лоиҳаи бунёди хатти баландшиддати барқи СASA — 1000 роҳбарӣ кард, ба ҳузур пазируфт.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба Абдулло Абдулло барои иштироки фаъоли ҷониби Афғонистон дар расми мавриди татбиқ қарор додани тарҳи СASA — 1000 изҳори сипосу миннатдорӣ карда, омодагию ҳавасмандии ҷониби Тоҷикис­тонро барои саҳмгузории муштарак дар дигар тарҳу лоиҳаи бузурги энергетикӣ, роҳу нақлиёт ва транзитӣ таъкид намуд.

Ҷонибҳо ба таври муфассал доир ба раванди таҳкиму сулҳу субот дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва вазъияти марзи байнидавлатӣ табодули афкор карда, зарурияти таҳкими ҳамкории сох­торҳои марбутаи ду кишварро дар ин самт махсус баён намуданд.

Бо қаноатмандӣ зикр шуд, ки миёни Тоҷикистон ва Афғонистон дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ вобаста ба вазъ ва таҳаввулоти байналмилалӣ, масъалаҳои марбут ба амният, мубориза бо терроризм, экстремизм, ҷиноятҳои муташаккилона ва муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар дар минтақа ҳамкории сатҳи баланд ба роҳ монда шуда, дар оянда низ ҳар ду кишвар дар ин самт мавқеи ягонаи худро нигоҳ хоҳанд дошт.

Инчунин, масоили марбут ба ҳамкории байниҳукуматӣ дар соҳаи илму маориф, аз ҷумла, бозомӯзӣ ва омодасозии мутахассисони соҳаҳои гуногун барои ҷониби Афғонистон ва дигар мавзӯъҳои муҳими мавриди таваҷҷуҳ баррасӣ шуд.