Таъиноти кадрӣ дар Вазорати мудофиа

№8 (3154) 21.01.2014

Таъиноти кадрӣ дар Вазорати мудофиа IMG_1752 (1)

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 18 январи соли 2014 кадрҳои ба вазифаҳои роҳбарӣ дар Вазорати мудофиа таъиншударо барои суҳбат ба ҳузур пазируфт.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо кадрҳои ба вазифаҳои нави роҳбарӣ дар Вазорати мудофиа ва Қувваҳои мусаллаҳ таъингардида, онҳоро ба хизмати софдилонаю содиқона ба халқу Ватан, пурзӯр намудани қудрати дифоии Тоҷикистон, ҳифзи бошарафи марзу буми кишвар, омодасозӣ ва ҷобаҷогузории дурусти кадрҳои ҷавону ояндадор ҳидоят намуд.

Тавре маълум шуд, Зариф Бобокалонов, ки кадри ҷавони соҳа ва дорои ду тахассуси олии ҳарбӣ ва шунавандаи Академияи ҳарбии Ситоди генералии Қувваҳои мусаллаҳи Федератсияи Россия аст, сардори Ситоди генералии қувваҳои мусаллаҳ-муовини якуми вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.

Саидамир Розиқов ва Абдуҳалим Назаров, ки ҳар ду кадрҳои соҳибтахассус, ботаҷриба ва кордону корозмуда мебошанд, муовинҳои вазири мудофиа таъин шуданд.

Миралӣ Раҳматов, ки дорои ду тахассуси олии ҳарбӣ буда, то ин вақт дар вазифаҳои гуногуни роҳбарӣ дар Вазорати мудофиа ва Қувваҳои мусаллаҳи кишвар сарбаландона адои хизмат кардааст, фармондеҳи Қӯшунҳои зудамали Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.

Ду кадри ҷавону кордони дигар – Зариф Ҳакимов ва Собирхон Назаралиев, дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, яке сардори Раёсати ҳамкории ҳарбӣ-байналхалқӣ ва дуввумӣ сардори Раёсати молия ва буҷети Вазорати мудофиа таъин шуданд.

www.president.tj