Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Антониу Гуттериш

№112 (3749) 21.09.2017

 36916981410_a3f2e56875_o19 сентябри соли 2017 дар шаҳри Ню — Йорк дар ҳошияи Иҷлосияи 72 -юми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гуттериш баргузор шуд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки сафари имсолаи Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид ба Тоҷикистон барои таҳким бахшидани ҳамкориҳои судманди Тоҷикистон бо ниҳодҳои гуногуни созмон заминаҳои нав фароҳам оварданд ва ба табодули афкори дуҷониба барои муайян кардани самтҳои авлавиятноки ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони Милали Муттаҳид мусоидат намуданд.

Нақши Созмони Милали Муттаҳид дар мусоидат ва дарёфти ҳамдигарфаҳмӣ байни давлатҳо ва мардуми ҷаҳон барои сулҳу субот ва рушди устувор таъсиргузор арзёбӣ шуд ва таъкид гардид, ки дар ҳамин замина Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкории густурдаи худро бо Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои тахассусии он минбаъд низ идома хоҳад дод.

Ба нақши Тоҷикистон, аз ҷумла, дар иштироки фаъол дар татбиқ ва роҳандозии Рӯзномаи оби Созмони Милали Муттаҳид, ҳамчунин дар ташвиқу таблиғи мудирият ва истифодаи оқилонаи ин манбаи барои инсоният ҳаётан муҳим баҳои баланд дода шуд.

Изҳори бовар карда шуд, ки Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои тахассусии он ҷиҳати татбиқи «Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон то соли 2030» фаъолона мусоидат намуда, дар рушди минбаъдаи соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии кишвари мо нақш мегузорад.

Ҳамчунин, доир ба татбиқи амалии ташаббуси нави ҷаҳонии Тоҷикистон — Даҳсолаи байналмилалии амал «Об-барои рушди устувор», барои солҳои 2018-2028 ва дигар мавзӯъҳои муҳими аҳамияти минтақавӣ ва байналмилалидошта, аз ҷумла, таъмини амнияти энергетикӣ, рушди мунтазами гидроэнергетика дар Тоҷикистон, ҷонибдорӣ аз ташаббуси «Энергияи устувор барои ҳама», бунёди Пули энергетикӣ «CASA-1000», ҳифзи захираҳои об, пешгирӣ аз тағйирёбии иқлим, кам намудани партовҳои газҳои зарарнок ба ҳаво ва ғайра фикру мулоҳизаҳои судманд баён карда шуд.

Ҷонибҳо доир ба тақвияти ҳамдастӣ дар таъмини амнияту субот дар Афғонистон, муборизаи беамон бар зидди терроризму экстремизм, қочоқи маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ низ табодули афкор намуданд.

 www.president.tj