Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо хонум Шамшод Ахтар

№16 (3496) 06.02.2016

презПанҷуми феврали соли 2016 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, котиби иҷроияи Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид барои кишварҳои Осиё ва уқёнуси Ором (ЭСКАТО) хонум Шамшод Ахтарро ба ҳузур пазируфт.

Дар ҷараёни мулоқот ҳамкории иқтисодию иҷтимоии Ҷумҳурии  Тоҷикистону Созмони Милали Муттаҳид мавриди баррасӣқарор гирифтанд.

- Тоҷикистон ҳамкории судмандро бо сохторҳои дахлдори Созмони Милали Муттаҳид, ба вижа бо Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ барои кишварҳои Осиё ва уқёнуси Ором фаъолона ва пайгирона идома хоҳад дод», — таъкид дошт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.

Аз саҳми назарраси ЭСКАТО ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дар Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

Дар мулоқот атрофи ҷамъбасти натиҷаҳои конфронси душанбегӣ оид ба татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об — барои ҳаёт» (солҳои 2005 — 2015), иқдоми навбатии Тоҷикистон барои расидан ба Ҳадафҳои Рушди Устувор, ҷаласаи даҳуми Шӯрои Барномаи махсуси СММ барои иқтисоди Осиёи Марказӣ дар Душанбе, инчунин дарёфти роҳҳои ҳалли мушкилоти ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ва кишварҳои маҳсур дар хушкӣ гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.

Ҷонибҳо модернизатсияи шоҳроҳҳои мошингарду роҳҳои оҳан, рушди бахши кишоварзӣ ва минтақаҳои деҳот, иқтисодиёт ва савдо, сармоягузорӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, бунёди хатҳои интиқоли барқ ва лӯлаҳои газ, татбиқи лоиҳаҳои минтақавии гидроэнергетикӣ бо истифода аз захираҳои фаровони обии Тоҷикистон, аз қабили «CASA-1000»-ро барои рушди минбаъдаи иқтисодиву иҷтимоии минтақаҳои Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ амри муҳим шумориданд.

Дар ҷараёни вохӯрӣҷонибҳо, инчунин дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайнро баррасӣ намуданд.

www.president.tj