Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Салоҳиддин Раббонӣ

№19-20 (3656-3657) 21.02.2017

Афгон222218 феврали соли 2017 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Салоҳиддин Раббониро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар зимн масоили ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Афғонистон, ки дар асоси эътимоду боварии мутақобила ба роҳ монда шудаанд, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Тавре таъкид гардид, зиёда аз 80 санад пояҳои ҳуқуқию қарордодии муносибатҳои байнидавлатиро ташкил медиҳанд, ки дар асоси онҳо робитаҳои ду кишвар дар соҳаҳои сиёсат, иқтисоду тиҷорат, амнияту мудофиа, энергетика, нақлиёту коммуникатсия, илму маориф ва фарҳанг дар сатҳу сифати барои ҷонибҳо манфиатбахш идома меёбанд.

Омодагию ҳавасмандии зиёд барои вусъати ҳамкориҳои минтақавӣ, аз ҷумла иштироки фаъол дар татбиқи лоиҳаҳои бузурги минтақавии бунёди роҳҳои оҳан ва хатҳои интиқоли неруи барқ зоҳир гардид.

Ҷонибҳо барои ба сатҳу сифати беҳтару хубтар расонидани ҳамкориҳо зарурати тақвият бахшидани кори Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, илмию техникӣ ва фарҳангӣ, рушду тавсеаи бештари ҳамкорӣ байни вилоятҳо ва ноҳияҳои сарҳадии ду давлатро таъкид намуданд.

Дар мулоқот, ҳамчунин, масоили таҳкими ҳамгироӣ дар мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ, ифротгаройӣ, қочоқи маводи мухаддир ва масъалаҳои вобаста ба ҳифзи сарҳади давлатӣ дар асоси дуҷониба ва ҳам дар доираи ташкилоту созмонҳои минтақавию ҷаҳонӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

www.president.tj