Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Валентина Матвиенко

№129 - 130 (3609-3610) 15.10.2016

30209063821_3a9c95fcc2_o13 октябри соли 2016 дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси федеролии Федератсияи Россия Валентина Матвиенкоро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар мулоқот вазъ ва дурнамои муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистону Россия дар соҳаҳои афзалиятнок ва мавриди таваҷҷуҳ баррасӣ шуд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки Россия ва Тоҷикистон шарикони воқеии стратегӣ мебошанд ва дар Тоҷикистон ба рушду таҳкими рӯзафзуни муносибатҳои байнидавлатӣ бо Федератсияи Россия аҳамияти зарурӣ дода мешавад.

Инчунин, ба раванди рушди муносибатҳои байнипарлумонии Тоҷикистон ва Россия ва ба нақши парлумонҳои ҳар ду давлат барои ба сатҳи сифатан нав расонидани ҳамкориҳо баҳои баланд дода шуд.Таъкид гардид, ки Форуми байнипарлумонии «Тоҷикистон-Россия: неруи ҳамкории байниминтақавӣ» на танҳо барои парлумонҳо, балки барои намояндагони минтақаҳо ва доираи кории ҳар ду давлат майдони фарохи рушди ҳамгироии муштарак ба ҳисоб меравад.

Дар мулоқот доир ба тақвияти муносибатҳои гуногунҷанбаи байни минтақаҳои Тоҷикистону Россия, рушду тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратии байнидавлатӣ, беҳтаргардонии кори Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Россия оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ ва ҷалби бештари доираи сармоягузорону соҳибкорони Россия ба истихроҷу коркарди канданиҳои фоиданоки табиии Тоҷикистон табодули афкор сурат гирифт.

Ҷонибҳо ҷиҳати рушду тавсеаи муносибатҳо дар соҳаҳои фарҳангу маориф ва муҳоҷирати меҳнатӣ фикру мулоҳизаҳои судманд баён намуданд.

Ҳамчунин, тарафҳо дар мулоқот доир ба авзои кунунии минтақа ва ҷаҳон, аз ҷумла вазъи мураккаби сиёсию низомии Афғонистон, таҳкими иқтидори неруҳои марзбонии Тоҷикистон ва мубориза бар зидди хатару таҳдидҳои ҷаҳони муосир, аз қабили терроризму экстремизм, табодули назар намуданд.

 www.president.tj