Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Ян Ҳамачек

№150 (3630) 07.12.2016

30553828894_6ba3d200a9_o2 декабри соли 2016 масоили ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистону Чехия дар мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Палатаи вакилони Парлумони Ҷумҳурии Чехия Ян Ҳамачек баррасӣ шуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ ­Раҳмон иброз доштанд, ки Тоҷикистону Чехия аз рӯзҳои нахустини ба роҳ мондани ҳамкорӣ самтҳои гуногуни ­афзалиятнокро барои таҳкими муносибатҳо интихоб кардаанд, аз ҷумла ба густариши ҳамкориҳои байнипарлумонӣ низ таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоянд.

Таъкид гардид, ки робитаҳои байнипарлумонӣ ба раванди мукаммал гардонидани ҳамшарикии дуҷониба ва бисёрҷонибаи кишварҳо бо мазмуну мундариҷаи нав метавонанд дар сатҳи назаррас мусоидат намоянд.

Дар ин робита, таъсиси Гурӯҳи парлумонӣ байни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Парлумони Ҷумҳурии Чехия яке аз омилҳои густариши ҳамкориҳои байнипарлумонӣ дар таҳкими робитаҳои Тоҷикистону Чехия маънидод шуд.

Дар ҷараёни мулоқот, инчунин мавзӯъҳои дигари равобити дуҷониба баррасӣ шуда, вобаста ба имконоти сармоя­гузорӣ, тиҷоратӣ ва молиявии Чехия ба соҳаҳои гидроэнергетика, туризм ва технологияи нави коркарди маҳсулоти кишоварзӣ андешаронӣ сурат гирифт.

Муборизаи муштарак бар зидди таҳдидҳои ҷаҳони муосир, аз қабили терроризму экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар аз мавзӯъҳои дигари суҳбат буд, ки ҷонибҳо оид ба ҳалли онҳо табодули андеша карданд.

www.president.tj