Мулоқоти Пешвои миллат бо намояндагони воситаҳои ахбори омма

№21 (3971) 21.02.2019

33281211228_4ae534652a_o20 феврали соли 2019 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон бо доираи васеи намояндагони ВАОи ҳукуматӣроҳбарони шабакаҳои давлатии телевизион ва радиои Тоҷикистон, кормандони эҷодию техникии телевизиону радиоҳои ҷумҳурӣ, сармуҳаррирони рӯзномаву маҷаллаҳои давлатӣ, ҳафтаномаҳои Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон, намояндагони бахши матбуоти вазорату кумитаҳо ва идораҳои давлатии кишвар мулоқот доир намуданд.

Ҳадаф аз он натиҷагирии фаъолияти воситаҳои ахбори омма дар ҷомеаи муосир ҳамчун фишанги асосии тарғиби сиёсати Давлату Ҳукумати кишвар ва баррасии сатҳу сифати барномаҳои телевизиону радиоҳои давлатӣ, матбуоти даврӣ буд. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо таҳлилҳои амиқ оид ба бурдубохти кори соҳа, ислоҳи камбудиҳо ва ба мардум расондани ҳадафҳои сиёсию стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон андешаронӣ карданд.

Таъкид гардид, ки дар замони муосир ва раванди босуръату зудтағйирёбандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва вазъи мураккаби сиёсӣ дар як қатор кишварҳои олам намояндагони воситаҳои ахбори оммаро зарур аст барои ба мардум ба таври фаврӣ расондани рӯйдоду воқеаҳо фаъол бошанд. Бо истифода аз тамоми шароити моддию техникӣ ва неруи зеҳнӣ бо таҳияи барномаҳои ҳадафрас бинанда, хонанда ва шунавандаро аз вазъи ҷаҳон огоҳ созанд. Ба хотири ҳифзи амну субот ва ваҳдату ягонагии мардум, инчунин, эмин нигоҳ доштан аз таъсири манфии беруна, барномаҳои нишонрас таҳия намоянд.

Зикр гардид, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ Ҳукумати кишвар барои пур кардани фазои иттилоотӣ шабакаҳои нави давлатии телевизион ва радиоро таъсис дод. Роҳбарият ва масъулини соҳаи телевизиону радио вазифадор гардиданд, ки бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда, шароити мусоид ва рӯзноманигорони варзида баҳри тарғиби табиати кишвар, неъматҳои моддию маънавӣ ва дигар дас­товардҳои кишвар барномаҳои баландмазмун таҳия ва пешкаш намоянд.

Намояндагони воситаҳои ахбори омма бояд ба ҳар як рӯйдоду воқеаи дар олам рухдода сари вақт вокуниш нишон диҳанд ва матолиби таҳлилӣ таҳия кунанд.

- Шумо — роҳбарони воситаҳои ахбори омма бояд сипари боэътимоди ҳифзи манфиатҳои миллӣ, арзишҳои таърихиву фарҳангӣ, дастовардҳои истиқлолияти кишвари азизамон бошед. Зеро воситаҳои ахбори оммаи ватанӣ барои анҷом додани ин кор имкониятҳои кофии зеҳнӣ ва техникӣ доранд, — иброз доштанд Сарвари давлат.

Таъкид гардид, ки аз ҷониби Давлату Ҳукумат дар ҳама соҳаи хоҷагии халқи мамлакат дар доираи ислоҳоти бахшҳо барномаҳои давлатӣ таҳия гардидааст. Инъикоси ҷараёни татбиқи онҳо низ аз рӯзноманигорон масъулият талаб мекунад.

Ҳангоми таҳияи барномаҳо бояд аҳли эҷод ба мазмуну муҳтаво, сатҳу сифати барномаҳо диққати аввалиндараҷа диҳанд. Рӯзноманигорон бо омода кардани барномаҳои ҳадафрас якҷо бо аҳли ҷомеа метавонанд дар самти мубориза бо таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир, бегонапарастӣ ва хурофоти баъзе аз гурӯҳу ашхоси ноогоҳ мубориза баранд ва дар замири наслҳо ҳисси баланди ватандорию ватанхоҳиро ҷой кунанд.

Барномаҳо дар шабакаҳои давлатӣ бояд бо дарназардошти манофеи давлату миллат, бо забони адабии тоҷикӣ ва сатҳи баланди касбӣ таҳия карда шаванд.

Қайд карда шуд, ки шароити имрӯзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва раванди ҷаҳонишавӣ, вазъи мураккаби сиёсии минтақа ва ҷаҳон аз ҳар як фарди кишвар тақозо мекунад, ки беш аз ҳарвақта огоҳ бошад, зиракии сиёсиро аз даст надиҳад, вобаста ба рӯйдодҳои олам сари вақт чораандешӣ намояд ва дар баъзе маврид вокуниш нишон диҳад.

Намояндагони воситаҳои ахбори омма бояд ба мардум, бинанда, шунаванда ва хонанда мазмуну муҳтавои воқеии рӯйдодҳоро расонанд. Дар тарғибу ташвиқи ғояҳои созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, нишондиҳандаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар дастуру супоришҳои Ҳукумат саҳмгузор бошанд.

Матолиб бояд воқеӣ, бо таҳлилҳои амиқу рақамҳои дақиқ ва ҳадафрас таҳия гарданд.

Фарогирии пахши барномаҳои телевизиону радиои давлатӣ дар кишвар низ аз масъалаҳои муҳими мулоқот буд, зеро, тавре зикр гардид, барномаҳо пурра дар минтақаҳои ҷумҳурӣ пахш намешаванд. Алҳол мавҷҳои телевизиони «Тоҷикис­тон» 99 фоиз, «Сафина»-84, «Баҳористон»-84 ва «Ҷаҳоннамо» 75 фоизи ҳудуди мамлакатро фаро гирифтаанд, ки бо дарназардошти вазъият дар фазои иттилоотӣ қонеъкунанда нест.

Аз ин рӯ, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Озода Эмомалӣ вазифадор гардиданд, ки бо таъсиси комиссияи босалоҳият ва гузаронидани мониторинг масъалаи пахши барномаҳоро дар ҷумҳурӣ таҳлил ва барои ислоҳи камбудиҳо чораандешӣ намоянд.

Сарвари давлат аз тарғибу ташвиқи Президент тавассути клипҳои мусиқӣ изҳори нигаронӣ карда, ба роҳбарияти Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон супориш доданд, ки ба ҷойи он талошу заҳматҳои мардуми меҳнаткаши ҷумҳурӣ, дастовардҳои арзандаи кишвар ва табиати зебову нотак­рори сарзамини аҷдодӣ васеъ инъикос карда шавад.

Пешвои миллат таваҷҷуҳи кормандони шабакаҳои телевизионию радиоиро ба як қатор камбудиву мушкилоти ҳалталаб ҷалб карда, таъкид доштанд, ки инъикоси саривақтии ҳодисаҳо, рӯйдоду воқеаҳои олам дар телевизион ва радио то ҳанӯз суст ба роҳ монда шудааст, аксар маврид журналис­тон бе тайёрии пешакӣ ба эфир мебароянд, барномаҳои таҳлилӣ оид ба авзои ҷомеаи ҷаҳонӣ ва таъсири равандҳои геополитикии ҷаҳон ба Тоҷикис­тон умуман дида намешаванд. Наворҳое, ки ҳунарҳои мардумӣ ва тарзи тайёр кардани таомҳои миллиро тарғиб мекунанд, воқеияти ҳолро нишон намедиҳанд, сохта, ғайрикасбӣ ба назар мерасанд. Омӯзиш ва тарбияи мутахассисони касбӣ дар Академияи воситаҳои ахбори омма то ба ҳол натиҷаи дилхоҳ надода истодааст. Сатҳи донистани забонҳои хориҷӣ дар телевизион ва радио хеле паст аст ва сабаби дар чорабиниҳои байналмилалӣ иштирок накардани журналистон надонистани забонҳои хориҷист. Намоишҳое, ки ҳар ҳафта тамошобин бояд интизор шавад, қариб ки ба назар намерасанд. Шӯроҳои бадеӣ ва роҳбарони барномаҳои мусиқӣ бояд танҳо ҳунармандони касбиро иҷозати ба эфир баромадан диҳанд.

Президенти мамлакат баъди таҳлили пурраи вазъи соҳа, бо дарназардошти далелҳои зикршуда, ҷиҳати ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ сохтани фаъолияти воситаҳои ахбори омма дар кишвар амалисозии як қатор чорабиниҳоро пешниҳод карданд.

Аз ҷумла, иброз доштанд, ки барои ҷавобгӯ гардонидани муҳтавои барномаҳои телевизион ва радио ба рӯйдодҳои ҷаҳон, минтақа, кишвар ва ҳифзи манфиатҳои миллии Тоҷикистон, таҳияи барномаҳои ҷиддии таҳлилӣ бо ҷалби коршиносон ба роҳ монда, анъанаи таҳияи филмҳои телевизионӣ идома бахшида шавад. Дар шабакаҳои телевизионии давлатӣ ба намоиши барномаву филмҳои таъсиррасон, матлабҳои нишон­рас ва фошкунандаи ҳадафҳои хатарбори ҳаракату созмонҳои террористиву экстремистӣ, инчунин, наворҳои ҷавобгӯ ба ҳифзи манфиатҳои давлатдории миллӣ афзалияти бештар дода шавад. Барномаҳо оид ба кашфиёту ихтирооти ҷадиди илму техника, ташаккули ҷаҳонбинии васеи илмӣ, ошкор кардани сабаб ва воқеияти рӯйдодҳои олам мунтазам таҳия гарданд. Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сомонаҳои махсус барои пахш кардани хабару навидҳо дар байни муҳоҷирони тоҷик ва умуман, тоҷикони бурунмарзӣ, таъсис диҳад.

Сарвари давлат таъкид дош­танд, ки бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани сифати барномаҳо, базаи моддиву техникӣ ва омода кардани кадрҳои баландих­тисоси соҳаи телевизион ва радио зарур аст, ки Барномаи рушди телевизион ва радиои миллӣ, инчунин, «Барномаи рушди пахши телевизиони рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020 – 2024» таҳия ва пешниҳод гардад.

Имрӯзҳо дар кишвар ба хотири истиқболи сазовори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Ҳукумати мамлакат ва соҳибкорони ватандӯст бунёди иншооти таъиноти гуногун идома дорад. Аз рӯзноманигорон даъват ба амал оварда шуд, ки дар вақти таҳияи гузоришу мақолаҳо на танҳо рафти сохтмон, балки ҳадафҳои созандаи Давлату Ҳукуматро ба бинанда расонанд.

www.president.tj