7 ноябри соли 2022 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Шарм-уш-Шейхи Ҷумҳурии Арабии Миср дар ҳошияи Иҷлоси бисту ҳафтуми Конфронси ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим (КОП-27) бо Президенти Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд хонум Одил Рено-Бассо мулоқот карданд.
Зимни вохӯрӣ масоили ҳамкории Тоҷикистон ва Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд мавриди муҳокима қарор дода шуд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти Бонк барои ҳамкории пайваста ва судманд сипос гуфта, изҳори итминон намуданд, ки раванди маблағгузории лоиҳаҳо дар соҳаҳои афзалиятноки Тоҷикистон минбаъд низ босамар идома хоҳад ёфт.
Дар рафти мулоқот саҳми бонк дар таҳкими бахши молиявӣ, рушди бахши хусусӣ, соҳаҳои нақлиёт, энергетика, обтаъминкунии аҳолӣ ва баланд бардоштани сатҳи хизматрасониҳои коммуналӣ дар кишвари мо таъкид гардид.
Баланд бардоштани фаъолнокии иқтисодӣ, инкишофи бозори молиявӣ ва дастгирии соҳибкории истеҳсолӣ, алалхусус дар самти коркарди ниҳоии маҳсулоти кишоварзӣ, маъданҳои кӯҳӣ ва дигар ашёи хоми маҳаллӣ аз самтҳои дигари ҳамкорӣ арзёбӣ карда шуд.
Ҷалби маблағҳои иловагӣ ҷиҳати татбиқи пурраи лоиҳаҳо барои расидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии давлат, яъне “истиқлолияти энергетикӣ”, инчунин, дар шароити тағйирёбии иқлим дастрасии бештар ба “энергияи сабз” ва ташаккули “иқтисоди сабз” зарур шумурда шуд.
Дар рафти суҳбат ҷонибҳо ҳамчунин оид ба дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ гуфтугӯ анҷом доданд.