Мулоқоти сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои иштирокчии лоиҳаи CASA-1000

№81 (3718) 08.07.2017

35712066966_33e69f231d_oШашуми июли соли 2017 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Бӯстонсарои берун­аз­шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Пугус», воқеъ дар дараи Варзоб, дар мулоқоти сарони давлат ва ҳукуматҳои кишварҳои иштирокчии тарҳи CASA — 1000 иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар маҳалли баргузории мулоқоти сатҳи олӣ меҳмононро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон истиқбол гирифтанд.

Пас аз маросими аксбардорӣ дар толори бошукӯҳи Бӯстонсарои «Пугус» мулоқоти сарони давлат ва ҳукуматҳои кишварҳои иштирокдори Лоиҳаи CASA — 1000 бо иштироки ҳайатҳои ҳукуматҳои Тоҷикистон, Покистон, Афғонистон, Қирғизистон ва намояндагони як қатор ташкилотҳои молиявии ҷаҳонӣ баргузор шуд.

Дар вохӯрии сатҳи баланд Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Навоз Шариф ва Сарвазири Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбай  Жээнбеков иштирок доштанд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меҳмонони олиқадрро ба сарзамини Тоҷикистон самимона хайрамақдам гуфта, омодагию ҳавас­мандии ҷониби Тоҷикистонро барои иштироки фаъол дар татбиқи саривақтии лоиҳаи муҳиму манфиатбори минтақавии CASA — 1000 таъкид намуданд.

Бо ёдоварӣ аз тадбирҳои муҳими энергетикии роҳбарияти Давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки амали анҷомдода дар ин самт на танҳо ба манфиати давлати мо, балки ба манфиати давлатҳои минтақа мебошад.

Муҳимияти татбиқи лоҳаҳои хурду бузурги гидроэнергетикии Тоҷикистон, ки имкониятҳои кишвари моро дар ҷодаи тавлиди «энергияи сабз» бамаротиб зиёд менамояд, таъкид карда шуд.

Зикр гардид, ки аз ҷумлаи лоиҳаҳои бузурги минтақавии энергетикӣ, ки Тоҷикистон дар татбиқи саривақтии он баробари дигар кишварҳои иштирокдори Лоиҳа манфиатдор аст, ин тарҳи CASA — 1000 мебошад ва ҳамдастии амиқ дар тат­биқи ин тарҳи муҳими инфрасохтори энергетикӣ, дар баробари таъмини рушди иҷтимоию иқтисодӣ, кишварҳои минтақаро бо ҳалқаи мустаҳками энергетикӣ пайваст карда, ҳамкориро дар дигар арсаҳои ҳаётан муҳим тақвият мебахшад.

Ҳамчунин, тарҳи CASA — 1000 унсури калидии бозори энергетикии минтақа ва пайвандсози тавлидкунандагону истеъмолкунандагони неруи барқ дар арсаи ду минтақа арзёбӣ шуда, имкониятҳои давлати мо дар интиқоли неруи барқ тавассути афзоиши иқтидорҳои тавлиди неруи барқи дохилӣ дар тамоми сол муаррифӣ гардид.

Дар мулоқот, ҳамчунин Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Навоз Шариф, Сарвазири Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбай Жээнбеков ва намояндаи Бонки ҷаҳонӣ Ранҷит Ламек суханронӣ карда, оид ба нақш ва мавқеи давлатҳои худ дар роҳи татбиқи Лоиҳаи бузурги минтақавии CASA — 1000 фикру мулоҳизаҳои судманд ва таклифу пешниҳодҳои асоснок баён намуданд.

Дар интиҳо Эъломияи муштарак оид ба натиҷаҳои мулоқоти сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои иштирокдори Лоиҳаи CASA-1000 қабул гардид, ки нишон аз ҷамъбасти бобарори ин чорабинии сатҳи минтақавӣ мебошад.

Ёдовар мешавем, ки 12 майи соли 2016 дар шаҳри Турсунзода бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Раиси иҷроияи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Абдулло Абдулло, Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Навоз Шариф ва Сарвазири Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбай Жээнбеков ба оғози татбиқи Лоиҳаи минтақавии интиқоли неруи барқи CASA-1000 асос гузошта шуда буд.

Пас аз анҷоми мулоқоти сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои иштирокдори Лоиҳаи CASA-1000 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меҳмонони олиқадр — Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Навоз Шариф ва Сарвазири Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбай Жээнбековро дар мавзеи хушбоду ҳавои Варзоб бо дастовардҳои маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон, ки дар намоишгоҳ гузошта шуда буд, шинос намуданд.

Дар намоишгоҳ меҳмонон бо навъҳои гуногуни меваҳои хуштаъм, маҳсулоти полезӣ ва асал, ки аз неъматҳои фаровони моддии кишвари мо мебошанд, ошно шуданд.

www.president.tj