Мулоқоти Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо хонум Шамшод Ахтар

№79 (3380) 10.06.2015

18602123311_64a3bc74f5_o

Ҳаштуми июни соли 2015 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Котиби иҷроияи Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид барои кишварҳои Осиё ва уқёнуси Ором хонум Шамшод Ахтарро ба ҳузур пазируфт.

Дар вохӯрӣ масоили ҳамкории иқтисодию иҷтимоии Тоҷикистону СММ баррасӣ шуд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ барои кишварҳои Осиё ва уқёнуси Ором (ЭСКАТО) барои татбиқи лоиҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дар кишвари мо арзи сипос намуд.

Бо қаноат зикр гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон раисии ин комиссияро дар соли 2015 бар уҳда дорад ва чорабиниҳои солонаи онро дар сатҳи баланд амалӣ менамояд.

Атрофи рӯзномаи конфронси Душанбе роҷеъ ба натиҷаҳои татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об — барои ҳаёт» (солҳои 2005-2015) табодули назар ва ба нақши Тоҷикистон чун кишвари ташаббускор дар арсаи ҷаҳонӣ баҳои баланд дода шуд.

Таъкид гардид, ки Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид барои кишварҳои Осиё ва уқёнуси Ором минбаъд ҳам аз пешрафти Тоҷикистон, аз ҷумла дар самти таъмини дастрасӣ ба неруи устувор, рушди кишоварзӣ ва манотиқи деҳот, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва умуман, барои расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор дастгирӣ хоҳад кард.

www.president.tj