Суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарону фаъолони ноҳияи Тоҷикобод
21 сентябри соли 2021
Ҳамватанони азиз!
Ҳозирини гиромӣ!
Пеш аз ҳама, ҷашни бузурги таърихиву тақдирсози сиюмин солгарди Истиқлолияти давлатиро ба ҳар як сокини сарбаланду заҳматқарини ноҳияи Тоҷикобод табрик гуфта, барои дастгирӣ аз сиёсати Давлату Ҳукумати мамлакат, заҳмати содиқона ба хотири пешрафти Ватан ва истиқболи самимӣ ба хурду бузурги ноҳия арзи сипос менамоям.
Иқдомоти бузурги созандагиву бунёдкории сӣ соли охир маҳз ба шарофати истиқлолияту озодии Ватан ва албатта, бо заҳмати содиқонаи мардуми ватандӯсту ватанпарвар, сарбаланду соҳибхирад ва соҳибэҳтироми тоҷик амалӣ гардидаанд.
Ҳоло аз баракати Истиқлолияти давлатӣ тамоми шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистони азизамон, аз ҷумла, ноҳияи Тоҷикобод ба таври бесобиқа ободу зебо шудааст.
Бояд гуфт, ки Ҳукумати мамлакат аз оғози даврони истиқлолият ба масъалаи рушди ноҳияҳои кӯҳистон эътибори аввалиндараҷа дода, то имрӯз дар ин самт аз тамоми захираву имкониятҳо истифода карда истодааст. Аз ҷумла, бо дастгирии пайвастаи Ҳукумати мамлакат дар ин давра барои таъмин намудани рушди устувори соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии ноҳияи Тоҷикобод ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии сокинони он беш аз 780 миллион сомонӣ равона карда шудааст. Танҳо барои пӯшонидани хароҷоти буҷети маҳаллӣ ва маблағгузории соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии ноҳия аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ дар ин давра зиёда аз 316 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст.
Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ дар ноҳия 12 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи беш аз 400 миллион сомонӣ амалӣ гардида, имрӯзҳо татбиқи боз 5 лоиҳаи дигар идома дорад, ки дар доираи онҳо то ба ҳол 14 миллион сомонӣ аз худ карда шудааст.
Ҳамзамон бо ин, ҷиҳати идомаи раванди корҳои ободониву созандагӣ ва рушди ноҳия, хусусан, барои беҳтар намудани шароити инфрасохтор ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар «Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Тоҷикобод барои солҳои 2021 — 2025» амалисозии 165 лоиҳа ба маблағи умумии 102 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст.
Дар давоми 30 сол дар ҳудуди ноҳия 277 иншооти муҳими иҷтимоиву иқтисодӣ, аз ҷумла 115 иншоот аз ҷониби соҳибкорони ноҳия бунёд ва навсозӣ шудааст, ки дар натиҷа маркази ноҳия ва деҳоти он хеле обод гардида, бисёр мушкилоти иҷтимоии сокинон бартараф ва сатҳу сифати зиндагии мардум бамаротиб беҳтар шудааст.
Тибқи нақшаи корҳои созандагӣ, ба муносибати ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатӣ, дар ноҳия қариб 60 иншооту биноҳои нави истеҳсоливу иҷтимоӣ ва хизматрасонӣ сохта, ба истифода дода шудаанд.
Бо изҳори сипос аз заҳмати содиқонаи мардум хотирнишон месозам, ки корҳои ободониву бунёдкориро минбаъд низ идома дода, ба фаъолияти муназзам ва истифодаи самараноки иншооти бунёдшуда диққати аввалиндараҷа дода шавад.
Кишоварзӣ соҳаи асосии иқтисодиёти ноҳия ба ҳисоб рафта, барои бо ҷойи корӣ таъмин намудани аҳолӣ нақши муҳим дорад. Соҳаи мазкур дар ноҳия бо дастгирии пайвастаи Ҳукумати мамлакат ва заҳмати пурмаҳсули кишоварзон сол ба сол тараққӣ карда, соли 2020 ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ 180 миллион сомониро ташкил кардааст.
Дар давраи соҳибистиқлолӣ нишондиҳандаи мазкур 2,8 баробар, аз ҷумла маҳсулоти растанипарварӣ 2,7 баробар ва маҳсулоти чорвопарварӣ 2,9 баробар афзоиш ёфтааст.
Тибқи маълумоти оморӣ, дар давоми 30 соли соҳибистиқлолӣ дар ноҳия истеҳсоли ғалладонагиҳо 3 баробар, картошка — 2,3, сабзавот — 15, мева — 19, гӯшт — 2,4, шир — 3 ва асал 21 баробар зиёд гардидааст.
Дар доираи барномаҳои мақсадноки давлатӣ дар ноҳияи Тоҷикобод дар 20 соли охир 430 гектар заминҳои нав аз худ гардида, қариб 6 километр корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ анҷом дода шудаанд.
Яке аз роҳҳои зиёд кардани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ва амнияти озуқаворӣ истифодаи самараноки обу замин, баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ ва маҳсулнокии чорво мебошад.
Бинобар ин, ба роҳбарону масъулин зарур аст, ки ҷиҳати истифодаи оқилонаи ҳар як ваҷаб замин, аз ҷумла заминҳои президентӣ ва наздиҳавлигӣ ва риояи агротехникаи парвариши зироатҳо ва истифодаи васеи тухмиҳои хушсифат, тадбирҳои судманд андешанд.
Бори дигар таъкид менамоям, ки дар шароити кӯҳистони ноҳияи Тоҷикобод ва умуман водии Рашт боғдорӣ, картошкапарварӣ, чорводорӣ ва занбӯриасалпарварӣ соҳаҳои сердаромад ба ҳисоб рафта, дар тақвияти иқтидори содиротии кишвар ва бо кор таъмин намудани аҳолӣ нақши муҳим доранд.
Ҳанӯз қариб 10 сол пеш дар машварати картошкапарварон масъулини ноҳия вазифадор гардида буданд, ки ҷиҳати ба роҳ мондани кишти навъҳои серҳосили картошка ва васеъ намудани майдони кишти он чораҷӯӣ намоянд.
Дар ин давра дар ноҳия майдони кишти картошка қариб 3 баробар зиёд шудааст, аммо ҳосилнокии он 2 баробар коҳиш ёфтааст, ки чунин вазъ роҳбарону мутахассисонро ба андешидани тадбирҳои иловагӣ водор месозад.
Боғдорӣ яке аз самтҳои афзалиятнок ва даромадноки ноҳия ба ҳисоб рафта, тайи солҳои соҳибистиқлолӣ майдони боғҳо қариб 1200 гектар афзоиш ёфтааст.
Ҳарчанд дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ саршумори ҳамаи намудҳои чорво кам шуда, қариб ба нестӣ расида буд, ҳоло саршумори он афзоиш ёфтааст, аз ҷумла саршумори чорвои калон 1,8 баробар, чорвои майда 2,3 ва оилаҳои занбӯри асал 12 баробар зиёд гардидааст.
Бо вуҷуди дастовардҳои зикршуда имкониятҳои ноҳия доир ба зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ҳанӯз ҳам ба таври зарурӣ ва пурра истифода нашуда истодаанд. Вобаста ба ин, масъулини ноҳия вазифадоранд, ки ҷиҳати афзоиш додани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, таъсиси марказҳои логистикӣ, нигоҳдориву коркард, бандубаст ва содироти маҳсулоти кишоварзӣ якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор чораҳои заруриро роҳандозӣ намоянд.
Ҳозирини гиромӣ!
Дар давоми 30 соли соҳибистиқлолӣ дар ҳудуди минтақаи Рашт, аз ҷумла ноҳияи Тоҷикобод якчанд лоиҳаи хурду миёна доир ба таъминот бо неруи барқ ба маблағи умумии 24 миллион сомонӣ амалӣ гардида, Неругоҳи барқи обии «Фатҳобод» бо иқтидори 282 киловатт бунёд карда шудааст.
Илова бар ин, дар даврони соҳибистиқлолии кишвар дар ҳудуди ноҳияҳои водии Рашт чандин лоиҳаҳои муҳими сармоягузории давлатӣ доир ба роҳу нақлиёт амалӣ гардидааст. Аз ҷумла, бевосита дар ҳудуди ноҳияи Тоҷикобод марҳалаи сеюми лоиҳаи «Барқарорсозии роҳи Душанбе — Қарамиқ» ва қисми лоиҳаи «Беҳтар намудани нигоҳдории роҳҳои Тоҷикистон» ба маблағи умумии 370 миллион сомонӣ татбиқ карда шудааст.
Дар ҷараёни сафари қаблии худ ба минтақа мо лоиҳаи бунёди роҳи Роғун — Обигарм — Нурободро, ки идомаи тадбирҳои созандаи Ҳукумати мамлакат доир ба рушди ноҳияҳои водии Рашт ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мебошад, оғоз намудем.
Бовар дорам, ки лоиҳаи зикршуда дар ояндаи наздиктарин ба анҷом расида, ба рушди иқтисодиву иҷтимоии ноҳияҳои водӣ, аз ҷумла ноҳияи Тоҷикобод такони ҷиддӣ мебахшад.
Ҳукумати мамлакат барои ҳалли масъалаҳои иҷтимоии ноҳияҳои кӯҳистон, аз ҷумла дар самти фароҳам овардани шароити мусоиди таълиму тарбия, беҳтар гардонидани хизматрасонии тиббӣ ва дигар бахшҳои иҷтимоӣ ҳамеша ғамхорӣ ва таваҷҷуҳ зоҳир мекунад.
Дар ин давра ҳаҷми маблағгузорӣ ба соҳаи маорифи ноҳия 10 баробар зиёд шуда, ба зиёда аз 20 миллион сомонӣ дар соли 2021 расидааст, ки ин барои сохтмони муассисаҳои таълимии ба талаботи замона ҷавобгӯ, муҷаҳҳаз гардонидани онҳо бо ашёи зарурӣ, тайёр кардани кадрҳои баландихтисос ва бо ин роҳ боло бурдани сатҳу сифати таълиму тарбия мусоидат намудааст.
Масалан, дар замони соҳибистиқлолӣ танҳо дар ноҳияи Тоҷикобод 51 бинои нави таълимӣ барои зиёда аз 7320 хонанда сохта, ба истифода дода шудааст. Инчунин, дар 15 соли охир маблағгузории соҳаи тандурустӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ 14 баробар зиёд шудааст.
Ҳоло вазифаи роҳбарону масъулини соҳаҳои зикршуда аз он иборат аст, ки ба масъалаҳои баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, зиёд намудани фарогирии кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ ва марказҳои рушди кӯдакон, иҷрои пурраи тадбирҳои барномаҳои соҳавӣ, аз ҷумла боз ҳам беҳтар намудани сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, эътибори аввалиндараҷа диҳанд.
Ҳамчунин, устодону омӯзгорон, падару модарон, аҳли зиё ва фаъолон бояд ба тарбияи наврасону ҷавонон, яъне насли ояндасоз диққати ҷиддӣ диҳанд, ба онҳо барои омӯхтани илму дониш ва касбу ҳунар шароит муҳайё созанд, моҳият ва аҳамияти истиқлолу озодӣ, сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллиро фаҳмонанд, то ки фарзандони мо ҳамчун насли босаводу соҳибмаърифат ва огоҳу донишманд ба камол расида, дар оянда ба Ватан, давлат ва миллати худ содиқона хизмат кунанд.
Бовар дорам, ки сокинони заҳматқарин ва бонангу номуси ноҳияи Тоҷикобод ба шукронаи озодиву соҳибихтиёрии давлати тоҷикон дар ҷодаи обод намудани Ватани маҳбуби худ минбаъд низ бо қадамҳои устувор пеш мераванд ва дар ояндаи наздик бо заҳмати аҳлона диёри хешро боз ҳам ободу зебо мегардонанд.
Тавре қаблан гуфта будам, Тоҷикобод дар ҳақиқат диёри биҳиштосо буда, номи хеле зебо дорад, ки он ҳамрадифи номи миллат, номи Тоҷикистони азиз ва ҳамсоли даврони соҳибистиқлолии кишвар аст.
Дар Тоҷикистон танҳо як ноҳия номи миллатро дорад ва бинобар ин, масъулияти тоҷикободиҳо бояд аз дигарон бештар бошаду бо ин ном ифтихор намоянд.
Бори дигар кулли мардуми меҳмоннавозу сарбаланди ноҳия ва ҳамаи шумо, ҳозирини арҷмандро ба муносибати ҷашни бузурги сисолагии Истиқлолияти давлатӣ самимона табрик гуфта, ба шумо саломатӣ, хонаи обод ва барори кор мехоҳам.
Ҳамеша тандурусту сарбаланд бошед, ҳамдиёрони азиз!