Ҳабдаҳуми феврали соли 2023 дар робита ба оқибатҳои фоҷиабори фаромадани тарма дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба унвони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Сайид Иброҳим Раисӣ номаи ҳамдардӣ ворид гардид, ки дар он омадааст:
«Ҷаноби оқои Эмомалӣ Раҳмон,
Президенти муҳтарами Ҷумҳурии Тоҷикистон!
Салом алайкум.
Хабари кушта ва маҷрӯҳ шудани теъдоде аз мардуми азизи Тоҷикистон бар асари фаромадани тарма дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон моро сахт андуҳгин кард.
Зимни ибрози тасаллияти ин воқеаи ҷонсӯз ба Ҷаноби Олӣ, мардуми кишвари бародар ва дӯсти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз даргоҳи Худованди мутаол барои даргузаштагон раҳмати фаровон, барои бастагон сабру шикебоӣ ва барои маҷрӯҳон шифои оҷил ва комил орзу менамоям».
www.president.tj