4 июли соли 2024 Президенти Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин бо сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нишони эҳтироми баланд меҳмони олимақом — Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпинро гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.
Саҳни фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ба хотири пазироии арзандаи меҳмони олиқадр бо парчамҳои давлатии ду кишвар, аксҳои Сарони давлатҳои Тоҷикистону Чин ва шиорҳои тараннумкунандаи дӯстии мардумони ду давлат идона оро ёфта буд.
Барои истиқбол роҳрави сурх густурда шуда, афсарони горди фахрӣ аз ду тарафи роҳрав саф оростанд.
Ҳамчунин шумораи зиёди ҷавонону наврасон бо либосҳои миллӣ, дар даст парчамҳо таҳти садои карнаю сурнай Роҳбари кишвари дӯсту ҳамсояи Чинро самимона истиқбол намуданд.
Мавриди зикр аст, ки сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Мардумии Чин аз 4 то 6 июл дар Тоҷикистон идома ёфта, зимни он мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Чин, имзои як қатор санадҳои нави ҳамкорӣ ва чорабиниҳои дигари муҳим дар назар аст.