Қонун дар бораи КМИР ба имзо расид

№88 - 89 (4038 - 4039) 23.07.2019

19 июли соли 2019 аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон якчанд қонун ба имзо расонида шуд, ки қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов», «Дар бораи таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда», «Дар бораи Комиссияи марказии интихобот ва ­раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз ҷумлаи онҳо мебошанд.

Онҳо ба таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда, бо оби тозаи нӯшокӣ, беҳдошти вазъи санитарию эпидемиологӣ, пешгирӣ намудани воридоти дорувории пастсифат, таъмини ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон ба интихоботи озоду шаффоф ва беҳдошти зиндагии мардум равона гардидаанд.

Матни пурраи қонунҳо дар матбуоти расмии кишвар интишор карда мешавад.

www.president.tj