Дуюми июли соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф бинобар қонунигардонии дороиҳо ва маблағҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» имзо гузоштанд.
Он бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои ҷалби сармояи шаҳрвандон ба иқтисодиёт, таъмини шаффофият, бозгардонии дороӣ ва маблағҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иқтисодиёти миллӣ ва фаъол гардидани сармоягузорӣ барои рушди соҳибкорӣ қабул шудааст.
Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дороӣ ва маблағҳояшонро тибқи он қонунӣ мегардонанд, барои содир кардани ҳуқуқвайронкунии ба ин дороӣ ва маблағҳо алоқаманд аз ҷавобгарии ҷиноятӣ, маъмурӣ ва интизомӣ озод карда мешаванд.
Ҳамчунон, қонун барои онҳо имтиёзҳои андозӣ ва кафолатҳои давлатиро пешбинӣ менамояд.
Матни пурраи қонун дар матбуот нашр карда мешавад.