Пешвои миллат ба афсарони Вазорати мудофиа хона тақдим кард

№24 (3504) 23.02.2016

DSC_6324Бисту дуюми феврали соли 2016 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи 33 — юми ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бинои нуҳошёнаи истиқоматиро барои оилаҳои афсарони Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода дод.

Фармоишгари асосии бунёди ин бинои боҳашамат, ки сохтмонаш соли 2014 оғоз гардида буд, Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, он аз ҷониби пудратчӣ — Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Маҳмил — 2012» сохта шудааст.

Баъди ифтитоҳи бинои нав Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ошёнаҳои аввал бо шароити зист шинос шуд.

Бинои истиқоматӣ аз 18 хонаи сеҳуҷрагӣ ва 27 дуҳуҷрагӣ иборат буда, бо тарҳи хеле зебо ва ҷавобгӯй ба талаботи меъёрҳои шаҳрсозӣ сохта шудааст. Маблағи умумии корҳои сохтмонӣ қариб 15 миллион сомониро ташкил дод ва бино дар муҳлати муайяншуда бо сифати хуб мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Зимни шиносоӣ бо шароити зисти манзилҳои истиқоматӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба тарҳи лоиҳаи бунёди бино, сифати кори сохтмончиён ва ороишу таҷҳизонидани ҳуҷраҳо бо ашёи лозимаи рӯзгор баҳои арзанда дод.

Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба афсарони хуштолеъ ва оилаҳои онҳо калиди хонаҳоро дар вазъияти тантанавӣ тақдим карда, онро туҳфаи арзандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзҳои таҷлили 23 — юмин солгарди таъсиси Артиши миллӣ маънидод кард.

Он рӯз 45 оилаи муҳофизони сарбаланду сарфарози Ватан, ки аъзои он дар маҷмӯъ беш аз 240 нафарро ташкил мекунад, бо шарофати сиёсати инсондӯстонаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳиби манзили зист шуданд.

Афсарон ва кормандони Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷавоб ба ин иқдоми хайри Сарвари  давлат Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипос карда, ваъда доданд, ки барои ҳифзи марзу буми Ватан ва арҷгузорӣ ба муқаддасоти он содиқона хизмат мекунанд.

Бо шарофати соҳибистиқлолии мамлакат ва сиёсати неку ояндасози Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъминоти моддию техникӣ, шароити хизмати афсарону сарбозон беҳтар ва Артиши кишвар баробари муҷаҳҳазгардонӣ бо техникаю муҳимоти ҷангии муосир ба як ниҳоди пурқувват мубаддал гардидааст.

Таъмини афсарону дигар хизматчиёни низомӣ бо манзили зист яке аз тадбирҳои неки Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар самти беҳдошти сатҳи зиндагии афсарон ва дигар хизматчиёни Артиши миллӣ аст, ки бо шарофати пойдории сулҳу субот дар ҷумҳурӣ ба даст омадааст.

 www.president.tj

Пешвои миллат ба афсарони Вазорати мудофиа хона тақдим кард

Бисту дуюми феврали соли 2016 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи 33 — юми ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бинои нуҳошёнаи истиқоматиро барои оилаҳои афсарони Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода дод.

Фармоишгари асосии бунёди ин бинои боҳашамат, ки сохтмонаш соли 2014 оғоз гардида буд, Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, он аз ҷониби пудратчӣҶамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Маҳмил — 2012» сохта шудааст.

Баъди ифтитоҳи бинои нав Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ошёнаҳои аввал бо шароити зист шинос шуд.

Бинои истиқоматӣ аз 18 хонаи сеҳуҷрагӣ ва 27 дуҳуҷрагӣ иборат буда, бо тарҳи хеле зебо ва ҷавобгӯй ба талаботи меъёрҳои шаҳрсозӣ сохта шудааст. Маблағи умумии корҳои сохтмонӣқариб 15 миллион сомониро ташкил дод ва бино дар муҳлати муайяншуда бо сифати хуб мавриди баҳрабардорӣқарор дода шуд.